Омодагии раисҷумҳури Қирғизистон барои истеъфо

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон омодагии худро барои канорагирӣ аз қудрат эълом кардааст.

Сооронбой Ҷеенбеков гуфтааст, ки ба маҳзи ташкили давлат, барои пур шудани халаи ниҳодӣ дар Қирғизистон, омодаи истеъфоаст.

Ин тасмими раиси ҷумҳурии Қирғизистон пас аз он аст, ки Кабатбек Боронов, нахуствазири ин кишвар низ рӯзи сешанбе, пас аз нооромиҳои интихоботӣ дар Қирғизистон истеъфо кард.

Рӯзи якшанбе бо эъломи натоиҷи интихоботи порлумонии Қирғизистон, тарафдорони аҳзоби роҳнаёфта ба маҷлис бо тазоҳурот дар хиёбонҳои пойтахт, ба натоиҷи он эътироз ва ба кохи раёсати ҷумҳурӣ ҳамла карданд.

Дар ҳамин робита, камиссиюни интихоботи Қирғизистон рӯзи сешанбе дар пайи тазоҳуроту нооромиҳо, натиҷаи интихоботи порлумониро ботил эълом кард.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад