Пардохти ҷуброн ба хонаводаҳои пизишкони қурбонии коронавирус

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон аз "монеаҳои сунъӣ" дар роҳи пардохти ҷубронпулӣ ба хонаводаҳои пизишкони қурбонии вабои коронавирус изҳори норизоӣ кард.

Тоқаев гуфт: “Пуштибонӣ аз кормандони соҳаи тиб боиси шубҳа нест. Бо дастури ман, барои пардохти ҷубронпулӣ дар нимаи дувуми соли ҷорӣ бештар аз 150 миллиард танга ҷудо шудааст. Аммо дар амри пардохти изофапулӣ ва пардохтҳои суғурта ҳоло ҳам монеаҳои сунъӣ мушоҳида мешавад”.

Вай дар ин ҷаласа афзудааст, ки дар бархе аз минтақаҳо “бозӣ бо рақамҳо” идома дорад ва изофапулиҳо пардохт намешаванд. Тоқаев таъкид кардааст: “Табибон набояд, маблағеро “гадоӣ” кунанд, ки ба худи онҳо тааллуқ дорад”.

Ба гуфтаи президенти Қазоқистон, дар кишвараш расман 182 корманди соҳаи тиб қурбонии вабои коронавирус шудааст ва аз ин шумор ҳамагӣ хонаводаи 37 қурбонӣ ҷубронпулӣ дарёфт кардааст.

Дар Қазоқистон ба хонаводаҳои табибони қурбонии коронавирус 10 миллион танга (бештар аз 23 ҳазор доллар) ҷубронпулӣ пешбинӣ шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад