Тазоҳуроти мардуми Юнон дар эътироз ба сафари Майк Помпео

Гуруҳи зиёде аз мардуми Юнон дар эътироз ба сафари вазири хориҷаи Амрико ба ин кишвар тазоҳурот карданд .

 

Гуруҳи зиёде аз мардуми Юнон дар эътироз ба сафари “Майк Помпео”, вазири умури хориҷаи Амрико дар шаҳрҳои “Афина”, “Салоник” ва “Ҷазираи Крит” тазоҳурот карданд .

Муътаризини хашмгини юнонӣ, бо сар додани шиорҳое назири “Вазири ҷанг ба хонаат баргард”, парчами Амрикоро зери по қарор дода ва ба оташ кашиданд .

Полиси Юнон дар Афина монеи ҳаракати муътаризон ба самти сафорати Амрико шуд . Майк Помпео ба манзури дидор бо мақомоти Юнон ба ин кишвар сафар кардааст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад