Ҳимояти беш аз 200 генерали бознишастаи Амрико аз “Ҷо Байден”

Беш аз 200 генерали бознишастаи амрикоӣ расман ҳимояти худро аз муовини раиси ҷумҳури собиқи Амрико ва номзади ҳизби Демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълом карданд .

 

Ба гузориши хабаргузории “NBC”, беш аз 200 генерали бознишастаи амрикоӣ бо имзои номае, ки мунташир шуд, расман ҳимояти худро аз “Ҷо Байден”, муовини раиси ҷумҳури собиқи Амрико ва номзади ҳизби Демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар иброз доштанд .

Дар байни генералҳои имзокунандаи ин нома, номи генерал “Пул Селва”, муовини собиқи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, ки то ҳамин як сол қабл дар ин самт ҳузур доштааст ва чандин генерали дигар, ки дар даврони раёсати ҷумҳурии Трамп , дар болотарин радаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Амрико машғули кор будаанд низ дида мешавад .

Ин генералҳои амрикоӣ, ки 22 нафар аз онҳо генералҳои чаҳорситора будаанд , дар номаи худ таъкид кардаанд, ки Доналд Трамп раиси ҷумҳури кунунии Амрико фоқиди салоҳиятҳои лозим барои дар ихтиёр доштани ҷойгоҳи фармондиҳии кулли қувои Амрико аст ва наметавонад бар чолишҳои кучак ва бузурги мавҷуд ғалаба кунад . Ба гуфтаи онҳо Ҷо Байден аз шахсият ва қувваи ташхиси муносибе барои ҳузур дар ин ҷойгоҳи муҳим бархӯрдор аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад