Дар омори нави Вазорати тандурустӣ касе фавт накардааст

Шабонарӯзи охир дар кишвар 45 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 24 сентябр 9520 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 8296 (87,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд ва бар асари он 74 нафар фавтидаанд.

Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 101 нафар гумонбарон қарор дошта, 52 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад