Амрико, Лукашенкоро ба унвони раиси ҷумҳури Беларус наме‌шносем

Вазорати умури хориҷаи Амрико эълом кард, ки Вашингтон "Александр Лукашенко"-ро ба унвони раиси ҷумҳури қонунии Беларус ба расмият нахоҳад шинохт.

 

Морган Ортега, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико тайи баёнияе эълом кард, ки Вашингтон “Александр Лукашенко”-ро ба унвони раиси ҷумҳури қонунии Беларус ба расмият нахоҳад шинохт.

Морган Ортега, изҳор дошт : ” Амрико наметавонад Александр Лукашенкоро ба унвони раиси ҷумҳури мунтахаб ва қонунии Беларус бишносад . Мо хоҳони анҷоми гуфтугӯи миллӣ дар Беларус ҳастем то бар асоси он ин имкон барои мардум фароҳам шавад, ки дар як интихоботи озоду одилона таҳти назорати байналмилалӣ , аз ҳаққи интихоби масъӯлони кишварашон бархӯрдор шаванд” .

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико ҳамчунин таъкид кард, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Беларус , дар фазои солим , озод ва одилона сурат нагирифт ва дар эъломи натоиҷи он низ тақаллуб шуд .

Гуфтанӣ аст Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба Беларус сафар карда ва дар дидори худ бо Александр Лукашенко таъаҳҳуди ҳамкории наздик дар заминаҳои Низомӣ ва иқтисодӣ дода буд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад