САҲА интихоботи президентиро назорат мекунад

Намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз дарёфти даъватномаи расмӣ барои назорат бар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Лорен Бороновско, сухангӯи Дафтари ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эълом кард, ки рӯзи душанбе 14 сентябр даъватномаи расмӣ барои назорат бар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри Тоҷикистон ба онон ирсол шуда ва заминаи ҳузури гурӯҳи нозири ин созмон дар рӯзи интихобот фароҳам шудааст.

Вай афзуд: кори гузиниши аъзои гурӯҳи нозирони эъзомии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо барои назорат бар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 11 октябри имсол оғоз шудааст.

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз соли 2006 бар раванди баргузории интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурии Тоҷикистон назорат дорад ва ҳеч як аз интихоботи гузаштаро шаффоф ва мутобиқ бо меъёрҳои байналмиллалии мавриди назари ин созмон надонистааст.

Дар солҳои ахир ихтилофи назари Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар бораи мухолифони сиёсии ҳукумати Душанбе шиддат ёфта ва фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад