Тавсияҳои Сандерс ба “Ҷо Байден” барои шикасти Трамп дар интихоботи 2020

Бархе манобеи мутталеъ аз талошҳои "Берни Сандерс", сенатори Демократ барои пирӯзии ҳам ҳизбии худ дар интихоботи 2020 ва тамаркузи бештар бар умӯре чун афзоиши иштиғол барои ҷалби орои шаҳрвандони Амрикоӣ хабар доданд .

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Берни Сандерс”, ба “Ҷо Байден”, номзади Демократи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Амрико барои шикаст додан Доналд Трамп, дар интихоботи 2020 хабар доданд.

Ба навиштаи хабаргузорӣ “Sputnik”, се мақоми наздик ба ҳизби Демократи Амрико ба рӯзномаи “Вашингтон пуст” гуфтаанд, ки Берни Сандерс, ба Ҷо Байден ҳам ҳизбии худ ва рақиб Доналд Трамп, раиси ҷумҳури кунӯнии Амрико тавсия карда то созу кори интихоботии худро бар мавзӯъоте чун пӯшиши хадамоти дармонӣ , афзоиши иштиғол ва дастмузд мутамаркиз кунад .

Гуфта мешавад, ки Берни Сандерс дар як маҳфили хусӯсӣ ба Ҷо Байден тавсия карда барои шикаст додани Трамп бар ин маворид тамаркузи бештаре дошта бошад . Сандерс ба номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳушдор додааст, ки рӯйкарди мубҳами худро канор бигузорад.

“Файз Шакер”, сухангӯи Сандерс низ гуфтааст, ки вай ба шиддат дар талош аст то Байден битавонад дар интихоботи ноябр, Трампро шикаст диҳад . Файз Шакер дар ин замина гуфт: «Сандерс  дар тамоси мустақим бо тими Байден аст ва ба онҳо тавсия карда то тамаркузи бештаре бар афзоиши дастмуздҳо , эҷоди миллионҳо шуғл бо пардохтҳои муносиби  ва коҳиши ҳазинаҳои беҳдоштӣ ва пизишкӣ дошта бошанд.»

Ба навиштаи ин манбаи хабарӣ , Сандерс бар ин бовар аст, ки дастрасии қавитар ба лотин таборҳои ҷавон ва ҷумбиши мутараққихоҳ, кӯмаки воқеӣ ба созу кори Байден хоҳад кард .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад