Ҷамъоварии имзоҳои зарурӣ барои интихобот аз ҷониби панҷ ҳизби сиёсӣ

Намояндагони панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳар кадоми онҳо барои сабти номи номзадҳо ба интихоботи 11 октябр беш аз 260 ҳазор имзо ҷамъ оварданд.

Намояндагони ҳизбҳои демократ, коммунист, сотсиалист, кишоварзӣ ва халқӣ-демократӣ эълом карданд, ки беш аз 260 ҳазор имзои мавриди ниёз барои сабти номи номзадҳои хешро ҷамъоварӣ кардаанд.

Бар ин асос, намояндагони ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳануз теъдоди имзои ҷамоваришуда барои сабти номи Рустам Раҳматзода, раиси ин ҳизб ва намояндаи маҷлиси қонунгузории кишварро эълом накардаанд.

Токунун раисони шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба унвони номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд, ки ҳамагии онон ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи маҷлиси қонунгузорӣ ҳастанд.

Бар асоси гузориши Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, то рӯзи 15 сентябр, асноду мадорики номзадҳо барои сабти ному эътои муҷаввизи ширкати онон дар интихоботи раёсатҷумҳурии 11 октябри баррасӣ хоҳад шуд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад