Ҳамвора алоқаманд ба густариши муносибот бо Тоҷикистон ҳастем

Раисҷумҳури Эрон дар паёме ба муносибати 29 солрузи истиқлоли Тоҷикистон таъкид кард ҳамвора алоқаманд ба густариш ва таҳкими ҳар чӣ бештари муносиботи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзбон дар ҳама арсаҳои дуҷониба ва чандҷониба ҳастем.

Ҳасани Рӯҳонӣ раисҷумҳури Эрон дар паёме ба Эмомалӣ Раҳмон бисту нӯҳумин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт.

Матни паёми раисҷумҳури Эрон ба шарҳ зер аст:

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон

Фаро расидани бисту нӯҳумин солрузи истиқлоли ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаноболӣ ва мардуми кишваратон самимона табрик мегӯям.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора алоқаманд ба густариш ва таҳкими ҳар чӣ бештари муносиботи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон дар ҳамаи арсаҳои дуҷониба ва чандҷониба аст. Дар шароити кунунӣ ҳосил аз буҳрони ҷаҳонии коронавирус низ зарурӣ аст масъулони ду кишвар барои тавсеаи ҳамкориҳо дар ҷиҳати рафъи мушкилоти иқтисодии минтақа ва интиқоли таҷориб дар заминаи муқобила бо ин беморӣ, талош ва таомули бештаре бо якдигар дошта бошанд.

Умедворам дар партави ҳусни тафоҳум ва масоии муштарак, шоҳиди густариши беш аз пеши равобити фимобайн дар ростои манофеи мутақобил ва ҳамчунин тавсеаи сулҳ ва амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ бошем.

Аз Худованди мутаол, саломатӣ ва муваффақияти он ҷаноб ва иззат ва сарбаландии мардуми ҷумҳурии Тоҷикистонро масъалат дорам.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад