Тазоҳуроти чанд ҳазор нафарии зидди Нетанёҳу дар ҳафтаи ёздаҳум 

Чанд ҳазор нафар аз муътаризон ба амалкарди нахуст вазири режими саҳюнистӣ, бо таҷаммуъ муқобили иқоматгоҳи вай дар Қудси ишғолӣ ва ҳамчунин 17 шаҳри мухталиф, хостори истеъфои вай шуданд .

Ба гузориши хабаргузориҳо, тазоҳуроти густардаи саҳюнистҳо ба амалкарди заъифи кобинаи вай дар муқобила бо шуюи коронавирус парвандаҳои фасоди “Бенёмин Нетанёҳу”, нахуст вазири режими саҳюнистӣ, вориди ҳафтаи ёздаҳум шуд.

Ба навиштаи вебгоҳи “The Times of Israel”, чанд ҳазор нафар аз сокинони Қудси ишғолӣ, бо таҷаммуъ муқобили иқоматгоҳи Нетанёҳу дар Қудси ишғолӣ, зимни дархости истеъфои вай, бузургтарин тазоҳурот дар ҳафтаҳои ахирро рақам заданд .

Тазоҳурот‌кунандгон бо ҳамли плакатҳо бо навиштаҳои аз ҷумла (“Crime Minister”, ба ҷои калимаи нахуст вазир “Prime Minister”) ва “ӯро зиндонӣ кунед” ба иттиҳомоти фасоди Нетанёҳу эътироз ва бар лузуми истеъфои вай таъкид карданд .

Бар асоси гузориши расонаҳои саҳюнистӣ, ҷамъияти муътаризон то ин лаҳза, лаҳза ба лаҳза дар ҳоли бештар шудан аст, ба ҳадде, ки на танҳо тамоми майдони Порис (наздики иқоматгоҳи Нетанёҳу) ва булвори Бенмаймун пур аз афрод шуда балки хиёбонҳо ва кӯчаҳои муҷовир дар фосилаҳои дуртар низ дар ҳоли пур шудан аст .

Вебгоҳи “The Times of Israel”, ҷамъияти тазоҳурот кунандагонро бештар аз ҳар тазоҳуроти дайгаре дар Қудси ишғолӣ тавсиф карда ва навишт баъзе муътаризон аз ҳизби “Ликуд”, мехоҳанд, ки Нетанёҳуро аз раёсати худ канор бигузорад.

Полиси саҳюнистӣ бо иддаои инки ҳар касе метавонад аз ҳақи озодии баён барои тазоҳурот истифода кунад, аммо таҳдид карда ба маҳзи инки кӯчактарин нишонае аз бар ҳам хӯрдани назм ё мутавассил шудани муътаризон ба хушунат мушоҳида кунад, бо қудрат онҳоро саркӯб хоҳад кард .

Ҳамзамон бо ин тазоҳурот дар Қудси ишғолӣ, барои аввалин бор ҷумбиши эътирозӣ алайҳи Нетанёҳу дар 17 шаҳри мухталифи дигар низ таҷаммуот барпо карданд, ки ба сӯрати зинда аз сафаҳоти шабакаи иҷтимоӣ Фейсбук пахш шуд.

Рӯзи ҷумъа буд, ки созмондиҳандагони эътирозоти зиди амалкарди кабина ва парвандаҳои фасоди нахуст вазири режими саҳюнистӣ эълом карданд рӯзи шанбе аз соъати 9 шаб тазоҳуротро ба сӯрати ҳамзамон дар 18 шаҳр баргузор мекунанд.

Тайи ҳафтаҳои ахир сокинони шаҳрҳои мухталифи Фаластини ишғолӣ аз ҷумла Телавив ва Қудси ишғолӣ бо баргузарии тазоҳуроти чанд бора, эътирозоти худро ба сиёсатҳои мухталифи Нетанёҳу аз ҷумла тарҳи ишғолии си дарсадии Каронаи Бохтарӣ, афзоиши ихтиёроти нерӯҳои амниятӣ ба баҳонаи муқобила бо коронавирус ҳамчунин парвандаҳои фасоди вай нишон додаанд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад