Тазоҳуроти зидди нажодпарастӣ дар шаҳри “Kenosha” дар остонаи сафари Трамп

Дар ҳоле, ки раиси ҷумҳури Амрико қасд дорад тайи рӯзҳои оянда ба шаҳри "Kenosha" сафар кунад, ҳудӯди ҳазор нафар рӯзи шанбе дар тазоҳуроти зиди нажодпарастӣ дар ин шаҳр ширкат карданд .

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, тазоҳуроткунандагон дар шаҳри “Kenosha” мухолифати худро бо иқдомоти нажодпарастона ва ваҳшигарии полис эълом карда ва шиъорҳои мисли “На адолат, на сулҳ”, дар ҳимоят аз ҷону зиндагии сиёҳпустон сардоданд.

Бар асоси ин гузориш падари “Ҷейкоб Блейк”, шаҳрванди сиёҳпусте, ки ҳадафи тирандозии як маъмури полис қарор гирифта ва ин иқдом мӯҷиби ташдиди эътирозот дар “Kenosha”, шудааст, аз муътаризон хост то аз ҳар гӯна ғорат ва тахриби амволи давлатӣ ва хусусӣ худдорӣ кунанд .

Тайи се шаби гузашта эътирозоти орому мусолиматомези мардуми “Kenosha”, дар ниҳоят мунҷар ба хушунат шуда аст .

Трамп, ки токунӯн мавзеи сахтгиронаеро дар қиболи муътаризон иттихоз карда ва онҳоро авбошу дузд тавсиф карда аст, қасд дорад се шанбе ба “Kenosha”, сафар кунад ва бо мақомҳои амниятӣ ва полиси ин шаҳр дидор ва гуфтугӯ дошта бошад .

Як мақоми Кохи Сафед, зимни эъломи ин матлаб ба хабарнигорон гуфт: Трамп ҳамчунин қасд дорад хисороти ворид шуда дар ҷараёни эътирозоти ахирро арзёби намояд.

“Ҷейкоб Блейк”, ки аз ин тирандозӣ ҷони солим ба дар бурдааст, ба шиддат захмӣ ва фалаҷ шудааст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад