Солрӯзи Сарқонуни Қазоқистон

Биступанҷумни солрӯзи тасвиби Сарқонуни Қазоқистон имрӯз дар ин кишвар таҷлил мешавад.

Сарқонуни феълии Қазоқистон дар ҷараёни ҳамапурсии мардумӣ дар соли 1995 тасвиб шуд ва панҷумин сарқонуни ин кишвар аз давраи Шӯравӣ то ҳол ба ҳисоб меравад.

Сарқнуни Қазоқистон пояи асосси низоми миллӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ва ҳамчунин асоси қонуни давлат ва ҳокимияти кишвар ва боз асоси қонунгузори ва иҷрои қонунҳо аст.

Аввалин сарқонун дар Қазоқистони мустақил тавассути Шӯрои олии ин кишвар дар таърихи 28 январи соли 1993 ва дуюмин сарқонун дар таърихи 30 августи соли 1995 дар ҷараёни ҳамапурсӣ ба тасвиб расидю

Бар асоси Сарқонун, раисҷумҳур олитарин мақоми Қазоқистон ва таъйинкунандаи масирҳои аслии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ин кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар сарқонуни феълии ин кишвар дар солҳои 1998, 2007, 2011, 2017 ва 2019 ислоҳот ва тағйирот ворид шудааст.

Қайд мешавад, ки се сарқонун дигар дар ҷумҳурии сотсиалистии Шӯравии Қазоқистон дар 1926, 1937 ва 1978 ба тасвиб расидааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад