Тазоҳуроти ҳазорон нафар дар пойтахти Амрикои 

Манобеи хабарии Амрико, аз тазоҳуроти ҳазорон нафар дар Вашингтон дар маҳкумияти табъизи нажодӣ ва хушунати полиси ин кишвар хабар доданд .

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, рӯзи ҷумъа  ҳазорон нафар аз сокинони Вашингтон дар эътироз ба нажодпарастӣ ва табъизи нажодӣ ва хушунати полис, даст ба тазоҳурот заданд .

Ин тазоҳурот бо унвони “Роҳпаймоӣ таъаҳҳуд; пойтонро аз рӯи гардани мо бардоред” ва ба даъвати “Эл Шарптон”, аз чеҳраҳои саршиноси ҳуқуқи мадании Амрико баргузор шуд .

Эътирозоти рӯзи ҷумъаи Амрикоиҳо дар Вашингтон дар ҳоле баргузор шуд, ки қатли чанд моҳи пеши “Ҷорҷ Флойд”, шаҳрванди сиёҳпӯст, тавассути полиси сифед пӯст дар шаҳри “Миннеаполис”, иёлати Миннесота, вокунишҳо ва тазоҳуроти густардаеро дар ин кишвар ва сойири манотиқи ҷаҳон ба ҳамроҳ дошта аст .

Аммо, “Доналд Трамп” раиси ҷумҳури Амрико ба ин эътирозоти мардуми Амрико дар Вашингтон вокуниш нишон дод ва онҳоро “Дузду авбош” хонд .

Вай дар суханоне ба муносибати қабули номзадии интихоботи раёсати ҷумҳурии худ, хитоб ба тарафдоронаш гуфт, ки “онҳо тазоҳурот кунанда нестанд, балки як гуруҳ дузду авбош ҳастанд”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад