Байден расман номзади демократҳо барои интихоботи риёсати ҷумҳурии Амрико шуд

Ҷо Байден, расман номзади ҳизб демократи Иёлоти Муттаҳидаи барои рақобат бо Трамп дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ эълом шуд.

 

Ҷо Байден, дар дувумин шаби баргузории маҷмаи миллии демократҳо расман ба унвони номзади ҳизби демократи Иёлоти Муттаҳида барои ширкат дар интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар эълом шуд.

Бил Клинтон ва Ҷимми Картер руасои ҷумҳури асбақ дар ин нишасти маҷозӣ ширкат доштанд. Ҳамчунин Колин Павел, вазири хориҷаи собиқи Амрико, ки ҷумҳурихоҳ аст аз Байден ҳимоят кард.

Ба гузориши “BBC”, ин севумин талоши Байден барои касби номзадии ҳизб ва аввалин муваффақияти ӯ дар ин замина аст. Вай дарҳоле дар интихоботи муқаддамотӣ пирӯз шуд, ки дар моҳи феврал кампайни ӯ дар остонаи фурӯпоши ба назар мерасид.

Дар рӯзи аввали нишасти маҷозии маҷмаи миллии ҳизби демократ мишли Обама ҳамсари раиси ҷумҳури собиқ ва сенатор Берни Сандерс рақиби собиқи Байден дар интихоботи муқаддамотӣ суханронӣ карданд.

Колин Павел, дар моҳи июн Трампро дурӯғгӯ хитоб карда ва аз Ҷо Байден ҳимоят карда буд. Вазири дифои асбақи Амрико дар суханронии худ гуфт бояд аз Байден ҳимоят кард чун “Байден ин арзишҳоро ба Кохи Сафед бозгардонем.”

Чандин шахсияти ҷумҳурихоҳ то кунун аз Байден ҳимоят кардаанд ва мӯътақиданд Трамп шахси муносибе барои идораи Иёлоти Муттаҳида нест.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад