Нигаронии ИМА аз ғайриозод будани интихоботи Белорус

Майк Помпео, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз наҳваи баргузории интихоботи раисҷумҳурӣ дар Белорус изҳори нигаронӣ кард ва онро"ғайриозод ва ноодилона" арзёбӣ намуд.

Майк Помпео, ки аз тариқи Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии ИМА изҳороташ мунташир шуд, гуфтааст: “Маҳдудиятҳои иштироки номзадҳо дар интихобот, манъи ҳузури нозирони мустақили маҳаллӣ дар маҳалҳои интихоботӣ, истифодаи усули тарсонидани номзадҳои мухолифини сиёсӣ, ҳамчунин боздошти тазоҳуркунандагони мусолиҳакор ва рӯзноманигорон торик ва ғайришаффоф будани раванди интихоботро нишон дод.”

Дар айни замон, сарвари дипломатияи амрикоӣ изҳори таассуф намуд, ки дар интихобот саривақт нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар даъват карда нашуданд.

Ӯ таъкид кард: “Интихоботи озод, одилона ва бар асоси рақобат поя ва асоси эътибор ва машрӯъияти ҳама давлатҳо аст”.

Ин мақомдори ИМА аз ҳукумати Беларус хост, ки ба ҳуқуқи ҳамаи белорусҳо барои иштирок дар тазоҳуроти мусолиҳатомез эҳтиром гузорад. Илова бар ин, мақомоти кишвар бояд аз хушунат худдорӣ намоянд ва тамоми касонеро, ки ба таври ғайриқонунӣ боздошт шуданд, озод кунанд.

Майк Помпео афзӯд, ки “мо хушунатҳои давомнок алайҳи муътаризин ва боздошти тарафдорони мухолифин, ҳамчунин хомӯш кардани интернет барои ҷилавгирӣ аз интишори иттилооти Белорус дар мавриди интихобот ва тазоҳуротро ба шиддат маҳкум менамоем”.

Бояд гуфт, ки 9 август дар Беларус интихоботи навбатии раисҷумҳурӣ баргузор гардид, ки бар асоси он раисҷумҳури феълии Белорус Александр Лукашенко бо дарёфти беш аз 80% раъйи интихобкунандагон дар баробари ҳудуди 10% раъйи рақиби сиёсияш Светлана Тихановская пирӯз эълом гардид.

Пас аз эълони натиҷаҳои интихобот рӯзи чорум аст, ки дар саросари Белорус мардум даст ба эътироз заданд. Онҳо интихоботро тақаллубӣ ва гайришаффоф дониста, аз мақомот барқарории адолат ва эъломи натиҷаи воқеъии интихоботро ки аз нигоҳи онҳо дар он Светлана Тихановская пирӯз шудааст, талаб доранд.

Мақомоти Белорус бо мақсади пахш намудани тазоҳурот аз пулис ва нирӯҳои махсус истифода бурда, садҳо нафар фаъолон ва рӯзноманигоронро боздошт намуданд. Тибқи баъзе маълумотҳо бар асари бархӯрди нирӯҳои ҳифзи ҳуқуқ бо эътирозкунандагон ду нафар ҷони худро аз даст доданд ва садҳо нафар захм бардоштанд.

Коршиносон ва аксари кишварҳои олам бар он ақидаанд, ки Александр Лукашенко дафъаи шашум аст, ки бо роҳи тақаллуб ва сохтакорӣ дар интихоботи раисҷумҳурӣ пирӯзӣ ба даст меорад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад