Тирандозӣ дар атрофи Кохи Сафед сабаби хурӯҷи фаврии Трамп аз маҳалли конфронси хабарӣ шуд

Тирандозӣ дар атрофи Кохи Сафед, сабаби хурӯҷи фаврии Трамп аз маҳалли конфронси хабарӣ шуд.

  Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо гузашти камтари аз 5 -дақиқа аз конфронси хабариаш маҳалро ба якбора тарк кард.

 Ба гузориши манобеи хабарӣ, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо гузашти камтар аз 5-дақиқа аз конфронси хабариаш маҳалро ба якбора тарк кард.

  Манобеи хабарӣ мегӯяанд ин иттифоқ, пас аз он рух дод, ки як нерӯи амниятӣ вориди маҳалли конфронс шуд ва суханонеро дар гӯши Доналд Трамп наҷво кард.

  Доналд Трамп, пурсиши хабарнигоронро мабни бар инки чӣ чиз мӯҷиби хурӯҷи ӯ аз маҳал шудааст бепосӯх гузошт.

  Манобеи хабарӣ аз ҳузури қобили таваҷҷуҳи полис дар атрофи маҳалли конфронси хабарии Доналд Трамп хабар медиҳанд.

  Гузориши расонаҳои хабарӣ ҳоки аз он аст, ки Доналд Трамп конфронси хабарии худро дар Кохи Сафед дар пайи тирандози ба самти шахсе дар хориҷ аз сохтумон тарк карда вале муҷаддадан ба конфронси хабарӣ бозгаштааст.

  Доналд Трамп, пас аз бозгашт ба конфронси хабарӣ дарбора ин ҳодиса гуфт: нерӯҳои вижа ба самти фарди мазнуни мусаллаҳ дар хориҷ аз Кохи Сафед тирандозӣ карданд, ки ба бемористон мунтақил шудааст.

  Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Амрико, ин ҳодиса дар беруни ҳисорҳои Кохи Сафед рух додааст

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад