Эмомалӣ Раҳмон Александр Лукашенкоро табрик кард

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Беларус Александр Лукашенко ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади давлатии олии Ҷумҳурии Беларус гуфтугӯи телфонӣ ва барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуот Эмомалӣ Раҳмон ғолибияти Александ Лукашенкоро дар интихоботи президентӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳмаш дар рушду таҳкими асосҳои соҳибихтиёрии давлати Беларус номида, дурустии сиёсати дурандешонаи дар ин роҳ интихобкардаашро, ки пайгирона ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид кард.

“Александр Григоревичи гиромиқадр, лутфан самимонатарин табрикоти моро ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади давлатии олии Ҷумҳурии Беларус қабул фармоед.

Ғолибияти Шумо дар интихоботи президентӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳми бузурги Шумо дар рушду таҳкими асосҳои соҳибихтиёрии давлати Беларус буда, дурустии сиёсати дурандешонаи дар ин роҳ интихобкардаатонро, ки пайгирона ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид менамояд.

Боиси хушнудии ин ҷониб аст, то фаъолияти муштараки анҷомёфтаи моро ҷиҳати тавсеаву таъмиқи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Беларус, ки имрӯз дар сиғаи шарикии стратегӣ ба таври муваффақона густариш ёфта истодаанд, зикр намоям.

Мо нисбати ояндаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду давлат дидгоҳи неку умедбахш дошта, вазифаи асосиро барои давраи пешомад дар ғанигардонии самарабахши онҳо бо намунаҳои созандаи ҳамкориҳо бар нафъи мардумонамон мебинем.

Сидқан ба Шумо сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Беларус сулҳу субот ва пешравию шукуфоӣ орзумандам”.

Бояд гуфт, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ низ анҷом дода, дар рафти сӯҳбат саҳми арзишманди ӯро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус ба таври хосса таъкид кард.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад