Пирӯзии Лукашенко ва эътирози мухолифон

Бо эълони расмии натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус ва пирӯзии Лукашенко, муътаризон ба хиёбонҳо рехтанд.

Шашумин интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус дар ҳоле шомгоҳи якшанбе бо тадбирҳои шадиди амниятӣ поён ёфт, ки пас аз овозгирӣ эълон шуд Александр Лукашенко бо касби 80 дарсади овозҳо бо фосилаи зиёд нисбат ба рақибонаш шашумин бор бар маснади қудрат дар Беларус такя хоҳад зад.

Пас аз эълони натиҷаи интихобот, маъмурони полиси вижаи Беларус дар майдони Пабда дар маркази Минск бо садҳо муътариз бархурд карда ва аз иҷтимоъи онҳо дар ин майдон ҷилавгирӣ карданд.

Гурӯҳе аз мухолифони давлати Беларус ҳам дар наздикии меҳмонхонаи Беларус ва кохи рёсатҷумҳурӣ иҷтимоъ карданд, ки маъмурони амниятӣ, муътаризонро ронданд.

Светлана Тихановская- номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки камтар аз 9 дарсади овозҳоро касб карда ва Мария Колсникова аз раҳбарони мухолифони давлати Беларус эълон кардаанд, ки қасди тарки кишварашонро надоранд.

Рӯзи якшанбе Александр Лукашенко дар ҷамъи хабарнигорон ҳозир шуд ва ҳушдор дод мухолифон дар сурати талош барои бесубот кардани кишвар, бо посухи муносиб мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Беларус кишваре кучак дар ғарби Русия аст, ки ҳамвора ба сурати суннатӣ равобити бародарона бо Кремлн дошта, аммо дар як соли гузашта, раиси ҷумҳури ин кишвар ба думболи беҳбуди равобит бо ғарб аст ва пас аз солҳо иҷозаи бозгушоии сафорати Амрико дар ин кишварро содир кард.

Ду ҳафта пеш мақомоти амниятии Беларус 33 шаҳрванди Русияро ба иттиҳоми талош барои иқдомоти низомӣ дар Минск боздошт карданд то равобити Маскав ва Минск тира шавад.

Мақомҳои Беларус пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фишори худро ба мухолифону нозирони мустақили интихобот афзоиш доданд ва дастрасӣ ба Инетернетро маҳдуд карданд. Нигарониҳо вуҷуд дорад, ки раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко, ҳукуматдории 26-солаи худро бо истифода аз тақаллубу саркӯб дар баробари мухолифон дароз кунад.

Вай чанде пеш дар як суханрониаш гуфт, “дахолат накунед, бигзоред, кишварро наҷот диҳем. Баъд аз як ё ду сол ин вазъиятро ҳаллу фасл ва ҳамон тавре мекунем, ки ба мардуми Беларус зарур аст”.

Мутахассиси соҳаи фанновариҳои нав Константин Конопко дар муроҷиати онлайниаш хитоб ба Лукашенко мегӯяд, “26 сол аст, ки суханҳои Шуморо мешунавем, ба назар мерасад, вақти он расидааст, ки ба ҳарфи шаҳрвандони одӣ гӯш диҳем. 26 сол барои ҳар кадом аз ҳукуматдорон комилан тӯлонӣ аст.”

Ҳунарпеша Анастасия Шпаковская мегӯяд, “моро фақат барои он ки мехоҳем интихоби худро кунем, мезананд, таҳдиду таъқиб ва зиндонӣ мекунанд. Номзадҳои мо дар маҳбас ҳастанд. Мо тақозо дорем, ки зиндониҳои сиёсиро раҳо кунанд. Ҷанг намехоҳем, оромӣ ва интихоботҳои озоду ҳақиқӣ мехоҳем.”

Светлана Тихановская, ҳамсари Сергей Тихановский, ки ҳамчун номзад вориди рақобат шуд, ваъда додааст, дар сурати пирӯз шудан зиндониҳои сиёсиро озод мекунад ва бо иштироки ҳамаи номзадҳо интихоботи наву шаффофро баргузор мекунад.

Дар ҳафтае, ки гузашт, ҳазорон кас дар Беларус ба ҳимоят аз вай роҳпаймоӣ карданд.

Тихоновская, ки баъд аз боздошти шавҳараш ба муборизаҳои сиёсӣ пайваст, ҳафтуми август дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории “Франс Пресс” гуфт: “Мо ба пешгирӣ аз тақаллуб қодир нахоҳем буд. Мо тайи чанд рӯзи гузашта шоҳид будем, ки аз оғози ройгирии пешакӣ чӣ қадар бераҳмона дар интихобот тақаллуб шудааст. Ҳеч умеде нест, ки онҳо шумориши ройро содиқона анҷом диҳанд. Хуб, ҳамеша заррае умед вуҷуд дорад, ки набояд бимирад, аммо бояд воқеъбин бошем.”

Мақомҳои Беларус чанд узви тими интихоботии Светлана Тихоновская ва шуморе аз пуштибонҳои ӯро дастгир ва ба ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ муттаҳам кардаанд.

Сиёсатмадор Сергей Возняк мегӯяд, “фикр мекунам, ин интихоботи аввалине хоҳад буд, ки дар ҳақиқат, на бар асоси санадҳои расмӣ, Лукашенко панҷоҳ дарсади ройи мардумро ба даст нахоҳад овард.”

Ҳоло чашмҳо ба натиҷаҳои интихобот дар Беларус дӯхта шудаанд, ки нидоҳои “Бирав, бирав” аз як сӯ ва аз тарафи дигар пойфишории Лукашенко барои мондан дар қудрат то куҷо хоҳанд расид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад