Даргириҳои интихоботии мухолифон дар Беларус ва таъкид ба канорагирии Лукашенко

Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки дар ҷараёни эътирозҳо ва даргириҳо баъд аз поёни раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус, дастикам 1 нафар кушта ва беш аз 12 нафар захмӣ шудаанд.

Намояндаи гурӯҳи ростгарои Спринг96″ (ба маънои баҳор 96) дар Беларус ба Руйтерз гуфтааст, ки эътирозҳо ва даргириҳо баъд аз поёни раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, як кушта ва беш аз 12 захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Ба навиштаи Руйтерз, зарбаи автомобили полис ба як мӯътариз сабаби кушта шудани вай ва даргирӣ байн полис ва мӯътаризон ҳам сабаби захмӣ шудани теъдоде аз ин мӯътаризон шудааст.

Ин намояндаи ростгаро ба Руйтерз гуфтааст: “дастикам 120 нафар боздошт шудаанд, аммо ин танҳо омори аввалия аст.”

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ гуфтаанд, ки беш аз як ҳазору 300 нафар қабл аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус боздошт шудаанд, ки чанд нозири мустақили интихобот ва аъзои тими интихоботии Свелана Тихоновская, рақиби интихоботии Лукашенко дар миёни ин боздоштшудагон будаанд.

Тихоновская баъд аз зиндонӣ шудани ҳамсараш, ки қасд дошт номзади ин интихобот шавад, худ ба унвони номзад вориди ин интихобот шуд. Ҳамсари ӯ як блогери мухолифи давлати Беларус аст.

Руйтерз навиштааст, ки саркӯби шадиди эътирозҳо метавонад ба талошҳои Александр Лукашенко, раисҷумҳури феълии ин кишвар барои рафъи монеаҳои иртибот бо ғарб осеб бизанад ва ин дар ҳоле аст, ки равобити ӯ бо муттаҳиди суннатии худ яъне Русия ҳам бо таниш ҳамроҳ будааст.

Ба навиштаи Руйтерз аз соли 1995 токунун, нозирони хориҷӣ, интихоботи озод ва одилонае дар Беларус пешбинӣ накардаанд.

Лукашенко, раиси як мазраъаи иштирокӣ дар Шӯравӣ будааст, ки аз соли 1994 дар ин кишвар ҳукумат кардааст, аммо солҳост, ки дар эъмоли қудрати худ бо бузургтарин чолишҳо ва мушкилот рӯбарӯ будааст, ба тавре, ки бархе аз мардуми Беларус бар ин бовар ҳастанд замони он фаро расидааст, ки вай аз ин вазифа канорагирӣ кунад.

Ӯ эҷоди субот дар Беларусро тазмин кардааст, аммо бо норизоятӣ ва хашми умумӣ ба далели муқобила бо коронавирусвирус ва собиқаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқи башарӣ рӯбарӯ будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки раиси Комиссияи марказии интихоботи Беларус имрӯз бар асоси натоиҷи аввалияи ин интихобот, аз пештозии 80.23 дарсадии Лукашенко хабар дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад