Идораи омори Амрико эълом кард, ҳудуди 30 миллион Амрикоӣ ғизои кофӣ надоранд

Тибқи иттилооти идораи омори Амрико, ҳудуди 30 миллион нафар аз мардуми ин кишвар дар шароити ҳамаҳгирии вируси корона ба ғизои кофӣ дастрасӣ надоштаанд.

Ба гузориши ин идора, оморҳои расмӣ дар Амрико нишон медиҳад, ки ҳудуди 30 миллион Амрикоӣ тайи як ҳафтаи гузашта ба ғизои кофӣ барои сер нигаҳдоштани худашон дастрасӣ надоштанд.

Тозатарин гузориши ҳафтагии «Идораи Омори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ҳокӣ аз он аст, ки ҳудуди 30 миллион нафар аз маҷмӯъи 249 Амрикоӣ, ки ба назарсанҷии ин идора посух доданд, эълом карданд, ки тайи ҳафтаи мунтаҳӣ ба 21 июл, ғизои кофӣ барои хӯрдан надоштанд.

Ба навиштаи хабаргузории “Sputnik”, гузориши идораи омори Амрико, ки рӯзи чаҳоршанбе ҳафтаи гузашта мунташир шуд нишон медиҳад, ҳудуди 12.1 дарсад аз касоне, ки ба назарсанҷӣ ва саволи ин идора посух доданд, камбуди маводи ғизоиро таҷриба кардаанд.

Гузориши идораи омори Амрико ҳамчунин нишон дод, 25.6 дарсад аз 249 миллион ширкат кунанда дар назарсанҷии ин идора мушкилоти муртабити бо иҷора ва сукунатро таҷриба карданд ва 40.1 дарсад ҳам аз адами дастрасӣ ба муроқибатҳои беҳдоштӣ ва пизишкӣ дар шароити шуюи корона хабар доданд.

Sputnik, гузориш дод: «дар ҳоле, ки ҳамагирии ковиди-19 миллионҳо нафар (дар Амрико)-ро аз кор бекор кардааст, бисёре аз Амрикоиҳо дар ҳоли таҷрибаи вазъияти вахиме ҳастанд».

Тибқи ин гузориш, вазорати кори Амрико панҷшанбе ҳафтаи гузашта хабар дод, ки тайи ҳафтаи гузашта 1.43 нафари ҷадид аз бекор шудани худ дар ин кишвар хабар доданд.

“Райан Свит”, мудири аршади таҳқиқоти иқтисодӣ дар муассисаи «Modi Analytics», дарбораи вазъияти ҷории Амрико ба рӯзномаи «USA TODAY» гуфт: «иқтисод дар хатари ҷиддии ақибгард ба самти таназзул қарор дорад …магар инки Конгрес ва давлати Трамп қабл аз инки Конгрес ба таътилоти моҳи августи худ биравад ба як тарҳи комили наҷоти молии ҷадид бирсанд».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад