Баёнияи Шурои уламо дар бораи иди Қурбон

Шурои уламо бо судури баёнияе зимни табрики фаро расидани иди саиди Қурбон ба мардуми кишвар , эълон кард имсол ба далели шуюи корона намози иди Қурбон иқома намешавад.

Ба гузориши ТоҷикПррес ба нақл аз сомонаи шурои улоамо дар ин баёния омадааст , бо тасмим ва фатвои Шурои уламо, намози иди Қурбон 31 июли 2020 ба иллати шуюи корона бо ҳадафи ҳифзи саломатии шаҳрвандон иқома намешавад.

Дар идомаи баёнияи Шурои уламо омадааст, иди Қурбон рӯзи саховатмандӣ ва пуштибонӣ аз фақирон ва ниёзмандон аст ва касоне ,ки тавони молии қурбонӣ кардан доранд, бояд аз вазияти фақирон ва ниёзмандон огоҳ бошанд ва ба онҳо кумак кунанд , фақирон бояд аз гушти қурбонӣ баҳраманд ва дар рӯзи ид бо дигарон шод шаванд.

Шурои уламо эълон карданд, қурбонӣ дар аёми иди қурбон то се рӯз ҷоиз аст ва бо таваҷуҳ ба ин ,ки намози ид иқома намешавад, тибқи омӯзаҳо, дом бояд пас аз тулуи офтоб қурбонӣ ва гушти он ҳам бояд байни 3 гуруҳи соҳиби қурбонт, ақвом ва дӯстон ва фақирон, ятимон ва маълулон тавзеъ шавад.

Дар рӯзи ид ҳам аз мардум хоста шудааст, ки аз пухтани гушти қурбонӣ ва тавзеи он худдорӣ кунанд ва гушт ба марказҳои нигаҳдории бесарпарастон ва маълулон эҳдо шавад.

Ҳамчунин Шурои уламои Тоҷикистон аз мардум хостанд, ки дар рӯзи иди Қурбон дар хона бимонанд аз диду боздиди ид парҳез кунанд.

Тибқи қонуни шаръ, барои мусалмонони он кишвар воҷиб аст, ки аз фатвоҳои Шурои уламо пайрави кунанд, бинобар ин тавсия мешавад афрод хатари сирояти коронаро ҷидӣ бигиранд.

Дар ин баёния гуфта шуда, ки дастури, дафни бандаи мумин аз суи марказҳои исломӣ ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон таҳия ва ба ҳамаи мардум иттилорасонӣ шудааст вале мутаасифона дар баъзе мақеъҳо шаҳрвандон онро риоят намекунанд ва монанди гузшата, бериояти шеваномаҳои беҳдоштӣ иқдом ба баргузории маросими намози ҷаноза и майит мекунанд, ки ин хатари шуюи бемории коронаро бештар хоҳад кард.

Бинобар ин ба манзури ҳифзи саломатӣ, Шурои уламо аз мардум мехоҳад, ки намози ҷаноза бо мушорикати теъдоди андаке аз наздикони мурда, мутобиқи дастури дафни бандаи мумин иқома шавад.

Имомҷамоат низ бояд намози ҷанозаро мутобиқ бо шароити шарӣ ва беҳдоштӣ иқома кунад ва 2 метр аз тобут фосила дошта бошад ва намозгузорон ҳам бояд фосиларо риоят ва аз моск истифода кунанд.

Дар поёни баёнияи Шурои уламои Тоҷикистон барои ҳамаи ҳамватанон орзуи саломатӣ, хушбахтӣ, рифоҳ, мувафақият дар кор ва зиндагӣ, шодӣ ҳамбастагӣ ва тафоҳуми мутақобил, фаровонии неъмат ва оромиш карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад