Содироти ниқоби тиббӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ

Тоҷикистон наздик ба 3 миллион ниқоби тиббӣ ба кишварҳои хориҷӣ содир кард.

Ин матлабро рӯзи сешанбе Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе эълом ва тасреҳ кард: Мақсади содироти ин колои зидди коронаи кишварҳои Италия ва Сербия аст.

Нархи ҳар як ниқоби тиббии содиротии Тоҷикистон як евро эълом шудааст.

Вай гуфт: Тавофуқ бо шарикони аврупоӣ дар бораи содироти ниқоби тиббӣ дар оянда низ вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ин мақоми баландпояи иқтисодии Тоҷикистон дар маҷмуъ аз замони густариши вируси корона беш аз 8 миллион ниқоби тиббӣ дар ин кишвар тавлид шудааст.

Файзуллозода афзуд: 50 ширкат ва коргоҳи омӯзишӣ дар заминаи тавлиди ниқобҳои тиббӣ дар Тоҷикистон машғули фаъолият ҳастанд.

Вазири саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон ҳамчунин ба хабарнигорон гуфт, ки ширкатҳои дохилӣ, тавлиди маводи безараргардониро низ оғоз кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад