Коҳиши 30 то 50 дарсадии сармоягузорӣ дар иқтисоди кишвар

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатӣ аз коҳиши 30 то 50 дарсадии сармоягузорӣ дар иқтисоди ин кишвар ба далели густариши вируси корона хабар дод.

Фаррух Ҳамроҳализода гуфтааст, ки бо ин ҳол 80 дарсади бахши даромадии буҷети ҳукуматро андози бахши хусусӣ таъмин мекунад.

Ба гуфтаи вай акнун Чин ба унвони муҳимтарин кишвари сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон, дар ҳоли барномарезӣ барои иҷро кардани бархе тарҳҳои саноатӣ дар ин кишвар аст, аммо ба далели густариши вируси корона на танҳо мутахассисони чинӣ наметавонанд ба Тоҷикистон сафар кунанд балки имкони воридоти таҷҳизот низ вуҷуд надорад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала, Ҳамроҳализода коҳиши 3 миллиарду 700 миллион сомониро барои бахши даромадии буҷети ҳукумати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ пешбинӣ кардааст.

Аз сӯи дигар Пайрав Чоршанбиев- коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки қаблан Русия ва Эрон низ дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ мекарданд, ки дар солҳои ахир ин раванд кунд шуд ва агар ба далели густариши вируси корона сармоягузории Чин низ дар иқтисоди Тоҷикистон коҳиш ёбад дурнамои иҷрои барномаҳои муҳими ин кишвар дар ибҳом қарор хоҳад гирифт

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад