Сафари нахуствазир барои омодагӣ ба ҷашни 5500 салагии шаҳри бостонии Сармаз

Нахуствазири кишвар бо сафар ба ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд бо раванди омодагӣ ба таҷлил аз ҷашни 5500 солагии шаҳри бостонии Саразм ошно шуд.

Қоҳир Расулзода ба ҳамроҳи Раҷаббой Аҳмадзода- раиси вилояти Суғд дар шаҳри бостонии Саразм ҳузур ёфт ва бо сохти таъсисоти марбут ба ҷашни 5500 солагии ин шаҳр ошно шуд.

Дар чорчуби барномаи ин ҷашн, ки бо тасмими Созмони ЮНЕСКО баргузор мешавад, сохти осорхонаи осори бостонӣ, меҳмонхона барои пазироӣ аз меҳмонон, марокизи фуруши саноати дастӣ ва роҳҳои иртиботӣ оғоз шудааст.

Шаҳри бостонии Саразм, ки дар паи ковушҳои бостоншиносон дар соли 1974 кашф шуд дар 15 километрии ғарби маркази ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ва 45 километрии шаҳри Самарқанди Узбакистон воқеъ шудааст.

Ин шаҳр дар соли 2010 дар рӯйхати осори ҷаҳонии Созмони ЮНЕСКО қарор гирифт.

Бар асоси бароварди бостоншиносон, ин ноҳияи таърихӣ 130 гектар вусъат дорад ва қидмати он 5500 сол аст.

Ашиёи бостонии бадастомада аз ин муҳавватаи бостонӣ, ки теъдоде аз онҳо мутааллиқ ба даврони ҳахоманишӣ аст дар осорхонаи шаҳри Панҷакент ва осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

P.S: Бисёр аҷиб аст иди мусулмонон, ки бузургтарин ид аст ба баҳонаи коронавирус таътил мешавад вале тамоми ҷашнҳо ва маросимҳои давлатӣ баргузор мегардад. Дар шароте, ки тамоми кишварҳо мактабҳо ва ҷойҳои умумиро ба хотири саломатии мардуми худ бастаанд вале ҷашнҳои мо побарҷо аст ва аз меҳмонони хоҷиҳам даъват ба амал меояд.

Агар хатари коронавирус ҳаст фарқе намекунад, ки ҷашни миллӣ бошад ё маросими иди Қурбон агар қонун тасвиб шуда бояд дар ҳамаи заминаҳо ба хотири ҳифзи ҷон ва саломатии мардум иҷро шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад