Кушташудани як нафар дар эътирозоти Техас дар Амрико

  Мақомҳои расмӣ аз кушташудани ҳадди ақал як нафар дар ҷараёни эътирозот дар шаҳри Остин воқеъ дар Иёлати Техас хабар медиҳанд. 

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, мақомҳои расмӣ эълом карданд: дар пайи чандин тирандозӣ дар шаҳри Остин дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозомез алайҳи сиёсатҳо ва рафторҳои табъизомез ва ваҳшёна нисбат ба сиёҳпӯстон, ҳадди ақал як нафар кушта шудааст.

Бар асоси ин гузориш, тасовири мунташир шуда дар фейсбук нишон медиҳад ҳангоме, ки ҳудуди 100 нафар дар ҳоли тазоҳурот дар ҳимоят аз вазъияти зиндагии сиёҳпӯстон дар шаҳри Остин ҳастанд, чандин гулӯла шиллик мешавад.

Идораи полиси Остин кушта шудани ҳадди ақал як нафарро таъйид кардааст. Зоҳиран ҳеҷ фарди дигаре дар ҷараёни ин тирандозӣ ҳадаф қарор нагирифтааст.

Полиси Остин токунун ҷузъиёти бештареро аз ин ҳодиса эълом накардааст. Эътирозот дар шаҳри Остин пас аз қатли Ҷорҷ Флойд шаҳрванди сиёҳпӯсти Амрикоӣ тавассути як маъмури полиси сафедпуст дар Миниёполис, оғоз шуда ва ҳамчунон то кунун идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад