Трамп қасд дорад полиси Федералро озими шаҳрҳои “Чикаго” ва “Албукерке” кунад

Як мақоми мутталеъ гуфт, ки раиси ҷумҳури Амрико қасд дорад барои ташдиди назм дар иёлот ва шаҳрҳои мухталифи ин кишвар пеш аз интихоботи 2020, шуморе нерӯи полиси Федерал озими ду шаҳри ин кишвар кунад.

 

Ба навиштари вебгоҳи шабакаи хабарии “ABC News”, “Доналд Трамп”, раиси ҷумҳури Амрико қасд дорад бо афзоиши доманаи амалиёти полиси Федерали Иёлоти Муттаҳида, шуморе аз ин нерӯҳоро ба шаҳрҳои «Чикаго» ва «Албукерке» эъзом кунад.

Ба навиштаи ин вебгоҳ, як мақоми огоҳ гуфт, ки “Доналд Трамп”, қасд дорад шуморе аз нерӯҳои полиси Федерали Амрикоро озими ин ду шаҳр кунад. Ин дар ҳоле аст, ки дар рӯзҳои гузашта мақомоти иёлтӣ нисбат ба ин тасмими Трамп мӯътариз шуда буданд. Гуфта мешавад, ки ҳадафи Трамп аз ин иқдом кори намоишӣ дар заминаи иҷрои назм ва қонун пеш аз интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар дар ноябр аст.

Ҳафтаи гузашта нерӯҳои полиси Федерал ба дастури Трамп ба бархе шаҳрҳои Амрико аз ҷумла Портланд ва Сиэттл эъзом шуданд. Бисёре аз шаҳрҳои Амрико аз 25 моҳи май баъд аз қатли нажодпарастонаи фарди сиёҳпӯст ба номи «Ҷорҷ Флойд» саҳнаи эътироз будаанд.

Ба гузориши “ABC News”, Трамп тайи рӯзҳои гузашта дар суханонаш дар расонаҳо ба таври физоянда ба хушунат ва ҳарҷу марҷи мавҷуд дар Иёлоти Муттаҳида ишора карда ва дар айни ҳол дар талош аст то «Байден», рақиби демократи худ дар интихоботи 2020-ро фарди зидди полис муаррифи кунад.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи се шанбе дар дафтари Кохи Сафед дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бори дигар гуфт, ки хушунат дар шаҳри Чикаго бадтар аз ҷанг дар Афғонистон аст. Трамп дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: «тобистони имсол хушунат дар [шаҳри] Чикаго бадтар аз [ҷанги] Афғонистон аст.»

Вазифаи ин маъмурони полиси Федерали Амрико маъмулан анҷоми таҳқиқоти муфассал дарбораи қочоқи инсон, маводи мухаддир, силоҳ ва сӯиистифода аз кӯдакон аст, аммо давлати Амрико ахиран дар ҷараёни эътирозоти зидди нажодпарастӣ дар ин кишвар, шуморе аз ин маъмуронро ҳам равонаи шаҳри «Портланд» кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад