Шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон аз 13 миллион нафар убур кард

Баровардҳои оморӣ аз саросари ҷаҳон нишон медиҳад, ки теъдоди кулли афроди мубтало ба коронавирус аз сездаҳ миллион нафар бештар шудааст.

 

Ба гузориши баровардҳои вебгоҳи “Worldometers”, теъдоди касоне, ки дар ҷаҳон ба вируси «ковиди-19» мубтало шудаанд имрӯз (душанбе) аз 13 миллион нафар фаротар рафтааст.

Бар ин асос то лаҳзаи нигориши ин хабар 13,035,942 нафар дар саросари ҷаҳон ба ин вируси маргбор мубтало шудаанд ва 571,571 нафар низ бар асари он ҷони худро аз даст додаанд.

Дар муқобил, аммо ҳудуди ҳафт миллион ва понсад ва ҳаштод ва ду ҳазор нафар аз банди ин беморӣ раҳоӣ пайдо карда ва саломатии худро ба даст овардаанд.

Дар миёни кишварҳои олуда ба ин вирус, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳудуди се миллион ва чаҳорсад ва чаҳордаҳ ҳазор нафар, бештарин шумори мубталоён дар ҷаҳонро дорад.

Бар асоси омори эъломӣ, Амрико тайи бистучҳор соати гузашта ҳудуди 380 мавриди фавтӣ бар асари ибтило ба ин вирус сабт кард. Ин кишвар бо беш аз 137 ҳазор ҷонбохта, дар рутбаи нахусти кишварҳои дорои бештарин мавориди фавтии коронавирус истодааст.

Дар ин миён қораҳои Амрикои шимолӣ ва марказӣ бо чаҳор миллион мубтало ва 186 ҳазор фавтӣ ба ҳамроҳи қораи Аврупо бо ду миллион ва понсад ва ҳафтод ва як ҳазор мубтало ва 197 ҳазор фавтӣ, ҳудуди ду-севуми омори ҷаҳониро ба худ ихтисос додаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳафтаи қабл расман эълом кард коронавируси ҷадид метавонад дар амокуни сарпӯшида дар ҳаво муаллақ шуда ва аз фарде ба фарди дигар мунтақил шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад