Табъизи нажодӣ, таърихи чанд садсола

Июни 2020, қатли ҷавони25 сола ва сиёҳпӯст, дар Амрико, тавассути ду падар ва писари сафедпӯст, хабарсоз ва ҷанҷолӣ шуд. Аҳмад Орберӣ, ҷавоне, ки дар ҷоддае дар ҳоли варзиш ва давидан буд, бидуни далел аз сӯи падар ва писари сафедпӯст, ҳадафи шиллик қарор гирифт.

Бо вуҷуд онки 74 рӯз аз моҷаро гузашт, аммо фарди қотил дастгир нашуд. То инкӣ, видеои чандсониаӣ, дар хусуси ин моҷаро, дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба даст чархид. Вокунишҳо ва фишори афкори умумӣ дар ниҳоят, дастгоҳи қазоии Амрикоро маҷбур ба боздошти ду падар ва писар кард. Вакиле, ки пайгирии ин моҷароро ба ӯҳда гирифт ба расонаҳо гуфт: марди зориб, афсари собиқи полис буд ва нукта инҷо аст, ки агар ин филм нашр нашуда буд, қазияи қатли ҷавони сиёҳпӯсти бегуноҳ, то абад хомуш мемонад.

Ин моҷаро барои хеле аз тарафдорони ҳуқуқи башар ва мухолифони табъизи нажодӣ, равшан сохт, ки чӣ басо сиёҳпӯстони бисёре дар Амрико ба қатл мерасанд ё ба ҳуқуқ онҳо таарруз мешавад ва садояшон, ба ҷое намерасад; магар мавориди истисноӣ ҳамчун Аҳмад Орбери, ки муҳандиси барқ буд ва ба воситаи интишори филми қатлаш, мавриди таваҷҷуҳи афкори умумӣ қарор гирифт.

Ҳикояти табъизи нажодӣ дар Амрико мавзӯи ҷадиде нест; балки ин раванд, реша дар таъриих чанд сад солаи ин кишвар дорад. Аз бардадорӣ гирифта то куштор ва табъизи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ бар зидди нажодҳои ғайри сафедпӯст.

Таърихи Амрико, оканда аз ҳаводиси нажодпарастона аст; ва баъд аз гузашти чанд даҳа ва бо талошҳои Мартин Лутер Кинг Ҷониюр, раҳбари ҷунбиши ҳуқуқи мадании сиёҳпӯстони амрикоӣ, ҳанӯз ҳам ин муъзил, аз байн нарфтааст; дар тайи ин солҳо, бисёре аз сиёҳпӯстон, ба баҳонаҳои мухталиф, боздошт ё кушта шудаанд; қатли Мартин Лутар Кинг дар апрели 1968, мавҷе аз даргириҳоро доман зад, ки дар пайи он, даҳҳо тан аз сиёҳпӯстон кушта ва ҳазорон нафар аз онҳо боздошт шуданд.

Пас аз як давра оромиши нисбӣ дар даҳаи ҳафтоду ҳаштод, дар соли 1992 бори дигар оташи хашми сиёҳпӯстони амрикоӣ бо зарбу шатми Родани Кинг, шаҳрванди сиёҳпӯсте, ки тавассути як полиси сафедпӯст то сарҳади марг кутак хӯрда буд, шӯълавар шуд.

Дар тайи солҳои дароз пас аз он, эътирозҳои зиёде ба хотири ҷиноятҳои полиси ин кишвар бар зидди сиёҳпӯстон дар ҷой ҷои Амрико шакл гирифт, ки бархе аз онҳо мисли ҳодисаи Ҷарел Ҳил, дар соли 2015, ки як шаҳрванди амрикоӣ 3 донишҷӯи мусалмонро дар иёлати Корулинои шимолӣ ба қатл расонд, мавҷи густардае аз эътирозҳоро дар Амрико ва кишварҳои дигар, рақам зад.

Ва аммо, ҳодисаи тирандозӣ дар шаҳри Алпосу, Амрико, ки дар соли 2019 рух дод. Нишон дод то чӣ ҳад рафторҳои нажодпарастона аз сӯи мақомот ва дастгоҳҳои мухталифи идорӣ, давлатӣ ва хадамоти Амрико, метавонад зеҳнҳоро масмум созад. То ҷое, ки ҷавонон ва навҷавонон сафедпӯст, Амрикоро мутааллиқ ба худ бидонанд; ва хостори хуруҷи сиёҳпӯстон аз ин кишвар бошанд. Дар ҷараёни ин тирандозӣ, 20 тан кушта ва 46 тани дигар, захмӣ шуданд.

Потрик Крусис, зориби 21 сола ва сафедпӯст ҳодисаи Алпосу баъд аз иртикоби ин ҷиноят, баёнияе содир кард ва гуфт: сиёҳпӯстон, Амрикоро касиф кардаанд; бояд онҳоро ба сарзамини модарияшон, Африқо баргардоанд. Амрико фақат ва фақат барои сафедпӯстон аст. Ин баёния нишон медод хушунати ӯ аз нафрати нажодпарастона сарчашма гирифтааст.

Омили муҳиме, ки дар ангезаҳои Крусис дахил ба назар мерасад назарот ва идаҳои Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико буд. Потрик, дар сафаҳаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз барномаҳои зидди муҳоҷиратии Трамп ҳимоят карда, аз вай ба хотири онки сафедпӯстҳоро дар авлавият қарор медод, тамҷид мекард.

Амрико ва қоидаҳои байналмилалии манъи табъиз

Аз манзари тааҳҳудоти байналмилалӣ, Амрико, узви конвонсиюни рафъи тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ (BCERD) ва мисоқи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ (ICCPR) аст; ва низ мисоқи байналмилалии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (ICESCR) ва конвонсиюн рафъи тамоми шаклҳои табъиз бар зидди занон (cedaw)-ро имзо карда аммо; ҳануз ба тасвиби Конгра нарасондааст; дар натиҷа, тибқи низоми ҳуқуқи дохилӣ, ин аснод, қобилияти иҷроӣ пайдо накардааст.

Кумитаи манъи табъизи нажодӣ дар ҳафтодудувумин нишасти худ дар таърихи 8 май2008 дар охирин баррасие, ки аз вазъияти табъизи нажодӣ дар Амрико ба амал оварда пас аз гузорише, ки кишварҳои узв, тибқи моддаи 9 конвонсиюни рафъи куллияи шаклҳои табъизи нажодӣ, ба кумита ироя медиҳанд, баён кард: баррасиҳо, нишон медиҳад, ки дар кишвари бузурге чун Амрико, ақаллиятҳои нажодӣ, қавмӣ ва миллӣ, хусусан африқоитаборҳо ва лотинтаборҳо, аз шароити маишатии мусоиде баҳраманд нестанд; ва онҳо умдатан дар манотиқи фақирнишин, бидуни дастрасӣ ба хадамоти беҳдоштӣ ё баҳрамандӣ аз шароити иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тафреҳӣ ва иқтисодии матлуб, искон дода шудаанд. Ҷои таассуф дорад дар кишваре, ки орзуҳои афроди бисёре ба унвони маҳди кор, дониш, фановарӣ ва имконоти рифоҳӣ аст, дастрасӣ ба фурсатҳои шуғлӣ ва таҳсилӣ барои бисёре аз амрикоиҳои рангинпӯст, фароҳам нест; ва аз сӯи дигар ин афрод, умдатан, дар маърази ҷурму хушунат қарор доранд.

Табъизи нажодӣ дар низоми қазоӣ низ аз дигар мавориде буд, ки кумитаи мазбур аз он интиқод кард; бино бар эълони сухангӯи ин кумита, дарсади ҳузури афроди мутааллиқ ба ақаллиятҳо, ба хусус африқоитаборҳо дар системи қазоӣ ва ба даст гирифтани шуғлҳое чун қазоват ё ваколат, ба нисбати ҷамъияте, ки дар кишвар доранд номутаносиб аст; ва гумон меравад ин амр, ба хотири рафтори табъизомез ва хашинтаре аст, ки давлат дар хусуси вуруди ин афрод ба системҳои қазоӣ дар назар гирифтааст; аз сӯи дигар, бештари афроде, ки мавриди зарбу шатм ё ҳадафи исобати гулӯла аз сӯи полис ё мардуми оддӣ қарор мегиранд, сиёҳпӯстанд.

Гурӯҳи кории коршиносони умури ҳуқуқи мардуми африқоитабор дар як боздиди расмӣ аз Амрико, гузориши ин боздидро ба понздаҳумин нишасти шӯрои ҳуқуқи башар ироа кард. Дар ин гузориш омадааст, ки бо вуҷуди тасвиби қонуни мадании 1964 , табъизҳои қонунӣ, бар зидди африқоитаборҳо аз системи ҳуқуқӣ ҳазф шуда, аммо ҳанӯз ҳам онҳо аз табъизҳои пинҳон ва ғайри мустақим ранҷ мебаранд; ва ин вазъият, дар бисёре аз бахшҳои зиндагии умумӣ ба чашм мехӯрад.

Табъизи нажодӣ дар низоми кайфарии Амрико

Веб-сайти инсоият-ниюз дар гузорише ба табъизи нажодӣ дар низоми адолати кайфарии Амрико пардохта, менависад: табъизи нажодӣ дар интихоби аъзои ҳайати мунсифаи додгоҳҳо, бисёр қобили мулоҳиза аст. Яке аз фоҷиабортарин шеваҳои табъизи нажодӣ ва беадолатӣ дар системи адолати кайфарии Амрико, истифодаи ҳамроҳ бо ангезаҳои нажодии бечунучарои додситонӣ дар раванди интихоби аъзои ҳайати мунсифа аст. Амрикоиҳои сиёҳпӯст ва дигар рангинпӯстҳо ба далели нажод ва ранги пӯсташон, ба таври низомманд ба василаи додситонҳо аз ҳайати мунсифаҳо канор гузошта мешаванд.

Бенёомин Ҷовис, аз фаъолони ҳуқуқи маданӣ дар ёддошти худ дар ин бора менависад: ман ин рафтори додситониро табъизи нажодии доим дар додгустарӣ таъриф мекунам.

Рӯзномаи дигар навишт: ислоҳот, дар адолати кайфарӣ, ба таассуби нажодӣ дар ин низом поён намедиҳад. Бо вуҷуди талошҳо, ҳамчунон эҳтимоли дастгирӣ, маҳкумият ва зиндонӣ шудани сиёҳон дар Амрико дар ҷурмҳои мушобеҳ бо сафедпӯстон бештар аст; дар ҳоле, ки бисёре бар ин ақида ҳастанд, ки ислоҳоти густарда дар системи адолати кайфарии Амрико, бетаносубиҳои нажодӣ дар низоми адолати кайфариро коҳиш медиҳад, аммо иттилооти ҷамъоваришудаи мо инро нишон намедиҳад. Ба унвони мисол Ниоҷерси, яке аз иёлатҳои пештоз дар заминаи коҳиши анбӯҳи зиндониён ба шумор меравад ва эҷоди ислоҳот дар низоми адолати кайфарии Ниоҷерси байни солҳои 1999 то 2012 сабаби коҳиши 26 дарсадии ҷамъияти зиндониён дар ин иёлат шудааст, аммо бо вуҷуди ин, ислоҳоти мавриди назар дар Ниоҷерси адами таносуби нажодӣ дар ҷамъияти зиндонҳои ин иёлатро тағйир надодааст. Воқеият ин аст, ки таассуби зимнӣ ва табъизи нажодии сохторӣ, гирифтор омадани афроди мутааллиқ ба ақаллиятҳои нажодӣ, ба хусус сиёҳпӯстон ва бумиёни амрикоиро дар низоми адолати кайфарӣ дар сатҳи бисёр боло, тазмин мекунад.

Як проекти таҳлили аҳкоми қазоӣ дар соли 2016 ба ин натиҷа расидааст, ки эҳтимоли дастгир шудани афроди сиёҳпӯст дар Ниоҷерси 12 баробари сафедпӯстон аст, ки ин рақам бештарин сатҳи адами таносуби нажодӣ дар ҷамъияти зиндонҳои Амрико аст. Шавоҳиди ошкор ҳокӣ аз он ҳастанд, ки афрод бо сӯипешинаи мушобеҳ, ки ҷурмҳои мушобеҳе низ муртакиб шудаанд ба далели нажод ва ранги пӯст аз сӯи низоми адолати кайфарӣ ба шеваҳои мутафовити мавриди муҳокима қарор мегиранд. Барои мисоли таҳқиқот нишон медиҳад афроди сиёҳпӯст дар муқоиса бо сафедпӯстон дар вазъиятҳои мушобеҳ, бештар аз сӯи полиси мутаваққиф мешаванд; бештар дастгир мешаванд ва пеш аз додгоҳ, бештар боздошт мешаванд; дар додгоҳҳои таҷдиди назар, шонси камтаре барои дарёфти тахфиф дар ҳукм доранд; ҳадафи танбиҳоти сангинтаре қарор мегиранд; ва маҳкум ба ҳабсҳои тӯлонитаре мешаванд. Ба ҳамин далел адами таносуби нажодӣ дар сартосари системи адолати кайфарии Амрико ошкор ва дар ҳар марҳилае рӯ ба афзоиш аст; аз иқдомоти назоратӣ ва боздошти нисбӣ гирифта то ҷаласҳои додгоҳ, маҳкумиятҳои қазоӣ ва фурсатҳои пас аз озодӣ.

Тимуси Виллиямз дар матлабе дар Нию-Йорк Таймз менависад: сиёҳпӯстон дар додгоҳи Амрико дар муқоиса бо сафедпӯстҳо, бештар, муттаҳам шинохта мешаванд.

Нию-Йорк Таймз ба рӯйдоде дар шаҳри Сан-Франсиско ишора мекунад, ки тайи он як сиёҳпӯсти амрикоӣ, пас аз мушоҷираи лафзӣ бо як сафедпӯст, аз сӯи полис боздошт шуда, дар ниҳоят бо эълони додситони кулли ин шаҳр, муттаҳам шинохта мешавад; аммо пас аз бозбинии дурбинҳои мадорбастаи маҳалли мушоҷира, ҳайати мунсифа, ин шаҳрванди сиёҳпӯстро аз аксари мавориди иттиҳоме табраъа мекунад. Вакили ин сиёҳпӯст мегӯяд, ки агар як сафедпӯст дар чунин мавқеияте қарор мегирифт, иттиҳоме бар зидди вай матраҳ намешуд.

Ҷорҷ косун, додситони кулли иёлати Сан-франсиско зимни изъон ба муттаҳам шудани бетаносуби сиёҳпӯстони африқоӣ-амрикоӣ ин саволи чолиши барангезро матраҳ мекунад, ки то чӣ ҳадд “таассуб” бар кори додситонҳо таъсир мегузорад!?

Ба гузориши Нию-йорк Таймз, агарчи токунун, мутолиаи академики мабсути каме дар бораи табъиз дар миёни додситонҳо анҷом шудааст, аммо гузориши Карлос Бурдху дар бахши ҳуқуқи донишгоҳи Луёлу ба ин натиҷа расидааст, ки эҳтимоли табраъа шудани муттаҳамони сафедпӯст ва ё коҳиши иттиҳомҳои онҳо ба сатҳҳои поинтари ҷурмҳо, 25 дарсад бештар аз афроди сиёҳпӯст бо иттиҳомҳои мушобеҳ аст.

Бар асоси гузориши Виллиямз, таҳқиқҳои анҷомшуда ба дафъаҳои зиёд нишон додаанд, ки афроди сиёҳпӯст, бисёр бештар аз сафедпӯстҳо дастгир ва мавриди бозчӯӣ қарор мегиранд.

Гузориши нашршуда аз сӯи Вазорати додгустарии Амрико дар соли 2016 низ шавоҳиди бисёр мӯътабаре аз таассуби нажодӣ дар иқдоми полис, интишор додааст. Барои мисол, агарчи африқоӣ-амрикоитаборҳо танҳо 6 дарсад аз ҷамъияти Сан-франсискоро ташкил медиҳанд 41 дарсади афроди боздоштшуда, 43 дарсад аз афроде, ки ба зиндони муаррифӣ мешаванд ва 38 дарсад аз парвандаҳои қазоӣ байни солҳои 2008 то 2014-ро ин гурӯҳ аз ҷамъияти шаҳр ташкил додаанд. Бар асоси мутолиае, ки дар соли 2017 анҷом шуд, дар иёлати Сан-франсиско парвандаи мазнунҳои африқоӣ-амрикоӣ шонси камтаре барои тахфиф ё табраъа доранд. Ин афрод, бо ҳабс ва боздошти тӯлонитаре нисбат ба сафедпӯстон, мувоҷеҳ мешаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад