Амрико бори дигар дар рутбаи нахусти шумори мубталоёни рӯзонаи корона қарор гирифт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар эъломияе ба омори тааҷҷуб овари шумори мубталоёни рӯзона ба вируси маргбори корона ва қарор гирифтани Амрико, Бразилия ва Ҳинд дар садри ҷадвали мубталоёни ба ин вирус хабар дод.

 

Ба гузориши хабаргузориҳо, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз афзоиши мизони рӯзонаи ибтило ба вируси маргбори корона дар сатҳи ҷаҳон хабар дод.

Ба навиштаи хабаргузории “Reuters”, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи якшанбе эълом кард, ки дар 24 соати гузашта, шумори мубталоён ба 230370 нафар афзоиш ёфтааст. Бештарин афзоиши рӯзона марбут ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бразилия, Ҳинд ва Африқои ҷанубӣ будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки мавриди қабли сабтшуда дар ин созмон 228102 маврид ибтило дар 10 июл ва марги ҳудуди 5 ҳазор нафар буд.

Бар асоси ин гузориш, мавориди ибтилои ҷаҳонӣ ба вируси корона рӯзи якшанбе ба 13 миллион нафар расид ва ин нишонгари марҳалаи бузурги дигар дар шуюи ин беморӣ аст, ки дар ҳафт моҳ беш аз 565 ҳазор нафарро дар сатҳи ҷаҳон куштааст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ба тозагӣ эълом карда дар шароите, ки нишонаҳое аз афзоиши шуюи вируси корона вуҷуд дорад боло рафтани омори ҷаҳонии маргу мири ношӣ аз ин беморӣ набояд мояи тааҷҷуб шавад. доктор “Майк Райан”, мудири иҷроӣ барномаи фавритҳои пизишкии Созмони тандурустии ҷаҳонӣ дар як нишасти хабарӣ дар «Женева» гуфт: «мавориди ибтило ба вируси корона дар моҳи июн, дар саросари ҷаҳон ба суръат афзоиш ёфт, дар ҳоле, ки омори фавтиҳо ба тарзи шигифт оваре кам шуд.»

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таъкид кардааст, ки шуюи ин бемории ҳамҳгир дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Амрикои лотин рӯ ба афзоиш аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад