Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ: ҳанӯз ба авҷи шуюи коронавирус нарасидаем

Дабири Кулли Созмони Ҷаҳонии Тандурусӣ гуфт, ки ҳамҳгирии коронавирус суръати бештаре нисбат ба рӯзҳои қабл ёфта, аммо ҳанӯз ба нуқтаи авҷи комил нарсидааст.

 

“Tedros Adhanom”, Дабири Кулли Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ имрӯз сешанбе дар як видео конфронс дар дафтари ин созмон дар Женева эълом кард: суръати ҳамҳгирии коронавирус нисбат ба рӯзҳои қабл бештар шуда, аммо ҳанӯз ба нуқтаи авҷи ҳамҳгирии бемории ковиди-19 нарсидаем

Tedros Adhanom, бо ишора ба инки дар охири ҳафтаи гузашта чаҳорсад ҳазор мавриди ҷадиди коронавирус шиносоӣ шуд, афзуд: ҳамакнун 11.4 миллион бемори коронавирус дар ҷаҳон вуҷуд дорад ва 535 ҳазор тан низ бар асари ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.

Вай тасреҳ кард: агарчи ба назар мерасад теъдоди маргу мирҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ мутаодил аст, аммо бархе кишварҳо дар коҳиши теъдоди фавтиҳо пешрафти чашмгире доштааст, дар ҳоле, ки ҳанӯз дар кишварҳои дигар маргу мир рӯ ба афзоиш аст.

Дабири кулли созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор дод, ки набояд вирусро дасти кам гирифт чаро, ки бисёр ҷиддӣ буда ва ҳеҷ кишваре аз он дар амон нест.

Вай бо ишора ба инки манбаи ковиди-19 тайи чанд моҳи гузашта мавриди баҳс қарор гирифта, гуфт: тиме аз созмони тандурустии ҷаҳонӣ, охири ҳафта ба Чин меравад то манбаи вирусро бо ҳамкорони Чинии худ “шиносоӣ” кунад.

Tedros Adhanom, хотирнишон кард, ки гурӯҳе таҳти раҳбарии созмон тандурустии ҷаҳонӣ ҳамчунин “чигунагии интиқоли вирус аз ҳайвон ба инсонро низ баррасӣ хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад