Иттиҳоми аҷиби Комиссияи Созмони Милал дар бораи масъалаи Идлиб

Комиссияи таҳқиқи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Сурия дар гузорише эълон кард, ки Башор Асад ва ҳампаймонаш Русия бо ҳадаф қарор додани марказҳои ҳаётии ғайринизомӣ дар Идлиб ва ҳавмаи он, муртакиби ҷинояти ҷангӣ шудаанд.

Комиссияи Созмони Милал дар масоили Сурия ҳамлаҳои алайҳи ғайринизомиён барои бозпасгирии минтақаҳои шимоли ғарбии Сурияро ба шиддат маҳкум кардааст.

Пауло Серҷинео Пиниеро, раиси ин комиссия, дар як видео-конфронс дар Женева давлати Асадро режим дониста ва дар гузориш гуфт: “режими Асад ва неруҳои ҳампаймонаш аз Русия эҳтимолан муртакиби ҷинояти ҷангӣ шуда ва дарду ранҷи бисёр зиёдеро ба кӯдакон, занон ва мардон таҳмил кардаанд.”

Гуфтанӣ аст, ки сокинони минтақаи Идлиб ва минтақаҳои ҳамҷавор, ки як миллион овора даруни сарзамине дар миёни онҳо аст, ҳамчунин дар маърази хатари коронавирус қарор доранд. Дар асари ҳамлаҳои низомӣ, садҳо ғайринизомӣ кушта шуда ва шумораи зиёде бемористон, мадраса, бозор ва хонаҳо хароб шудаанд.

Дар ин гузориш омадааст, ки ҳамлаҳои ҳадафманд ва бидуни ҳадаф алайҳи шаҳрвандон ва маконҳое, ки аз назари ҳуқуқи байналмилал, манотиқи ҳифозатшуда маҳсуб мешаванд (мисли мадрасаҳо ва бемористонҳо), ҷинояти ҷангӣ маҳсуб мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад