Трамп дар бумбасти интихобот

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тайи моҳҳои ахир таҳти фишори бевақфа аз сӯи мунтақидони худ будааст.

Ин рӯзҳо, ки ба қавли таҳлилгарон моҳҳои нафасгир ва ҳаётӣ барои интихоби муҷаддад дар курсии раёсатҷумҳурии Амрико аст онтавр, ки пешбинӣ мешуд барои Трамп содда набуда аст. Бо ин авзоъ ҳоло тамоми назарсанҷиҳои мӯътабар дар иёлатҳои мухталифи Амрико хабар аз он медиҳанд, ки Трамп ба рӯи коғази раисҷумҳури баъдии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нахоҳад буд.

Дар ҳамин робита шабакаи Фокс-ниюз гузориш додааст, ки эҳтимоли канорагирии Трамп аз интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бо таваҷҷуҳ ба фосилаи чашмгири ӯ бо Ҷу Бойден, рақиби демократ дар назарсанҷиҳо мӯҳтамал аст.

Албатта ин, ки Трамп дар назарсанҷиҳо аз Бойден ақаб мондааст дорои собиқа аст. Дар давраи қабл низ, ки ӯ бо Ҳилори Келинтун дар рақобати интихоботӣ бар сари курсии раёсатҷумҳурӣ ширкат карда буд назарсанҷиҳо хабар аз пирӯзии қотеи Келинтун дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико медод. Он мавқеъ шароит онқадар барои Трамп бад ва печида буд расонаҳо эҳтимоли пирӯзии вайро бисёр поин эълон мекарданд.

Таҳлилгарон пас аз онки Доналд Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба пирӯзӣ расид ва нобоварона бар курсии қудрат дар ин кишвар такя зад, мӯътақид буданд, ки раъйдиҳандагони амрикоӣ дар назарсанҷиҳои суратгирифта ҳақиқатро нагуфта омад ва бо пинҳонкорӣ сабаби хато дар натиҷаи назарсанҷиҳо шудаанд. Дар воқеъ таҳлилгарон мӯътақиданд тарафдорони Трамп дар давраи қабл аз тарси афкори умумӣ раъйи ҳақиқии худро дар назарсанҷиҳо эълон накарданд.

Акнун бо эътирозоти густарда дар Амрико, ки дар пайи он бо саркӯби хашин ва бесобиқаи полиси ин кишвар сурат пазируфт эҳтимоли махфӣ кардани раъй тавассути тарафдорони Трамп мӯҳтамалтар аз ҳамеша ба назар мерасад.

Дар воқеъ ба назар мерасад Трамп танҳо ду далел барои мондан дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дорад. Ду далеле, ки метавонад баргро ба нафъи ӯ аз бозанда ба баранда баргардоанд. Яке аз ин ду далел кашфи ваксинаи коронавирус ва дигаре вуҷуди раъйдиҳандагоне аст, ки аз тарси афкори умумӣ дар Амрико раъйи худро дар назарсанҷиҳо махфӣ карда ва сабаби эҷоди ихтилол дар натиҷаи ин назарсанҷиҳо шудаанд.

Дар воқеъ агар Трамп битавонад пеш аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Амрико ваксинаи бемории коронавирусро, ки сабаби фалаҷи намудани иқтисоди Амрико шударо рӯнамоӣ кунад хоҳад тавонист сабаби ҷазби маҳбубияти боло дар байни қишри хокистарии ҷомеаи Амрико шавад.

Акнун бояд мунтазир монд ва дид, ки оё Трамп барги барандае барои рӯнамоӣ кардан дар баробари демократҳо дорад ва ё танҳо умеди ӯ барои мондан дар ин интихобот тарафдороне аст, ки ба далели мухолифат бо афкори умумӣ ва расонаҳо назари худро дар бораи интихоби раисҷумҳурашон махфӣ мекунанд!

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад