То соли 2036 бо Путин

Бар асоси як қисми раъйҳо дар раъйпурсии конститутсионии Русия, 73 дарсади мардуми ин кишвар тағйир додани сарқонунро ҷонибдорӣ мекунанд.

Ҷонибдории мардум аз тағйири Сарқонуни Русия ба раисҷумҳури ин кишвар, Владимир Путин иҷозат хаҳад дод, ки дар қудрат боқӣ бимонад.

Ин референдум, ки 22 апрел дар Русия таъйин шуда буд, ба далели коронавирус ба таъхир афтод ва аз рӯзи панҷшанбе, 25 июн шуруъ шуд ва то рӯзи чоршанбе, 1 июл идома ёфт.

Барои ҷилавгирӣ аз ҷамъшавии беш аз ҳадди мардум, ин пурсиш дар мудати як ҳафта анҷом шуд.

Ислоҳоти Сарқонуни Русия дар сурати тасвиб ба Путин иҷозат хоҳад дод то соли 2024 бори дигар дар интихоботи раёсат ҷумҳурӣ ширкат кунад ва агар бори дигар интихоб шавад, ду давраи паи ҳам яъне то 2036 дар вазифа боқӣ хоҳад монд.

Ислоҳот дар январи соли ҷорӣ рӯнамоӣ шуданд. Парлумони Русия дар моҳи март аз онҳо ҳимоят ва тасвибашон кард, аммо хостори баргузории як раъйпусӣ барои “ҷалби ҳимояти умумӣ” шуд.

Путин дар мусоҳиба бо шабакаи 1 Русия гуфта буд, ширкат дар давраи ҷадиди раёсат ҷумҳуриро ғайри имкон намедонад.

Путин ҳамчунин ба касоне, ки ба думболи ҷонишине барои вай ҳастанд гуфта буд: “Онҳо бояд ба ҷойи ҷустуҷӯи ҷонишин, вазифаи (худро) анҷом диҳанд”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад