Зарурати афзоиши кумакҳои ҷомиъаи байналмилалл ба мардуми Сурия

Раисони ҷумҳурии исломии Эрон , Русия , ва Туркия зимни таъкид бар таъаҳуд ба ҳокимият , истиқлол , ваҳдат ва тамомияти арзии Сурия аз ҷомиъаи байналмилалл хостанд ба дур аз табъиз ,сиёсикорӣ ва пеш шарт , кумакҳои худ ба тамоми мардуми Сурияро афзоиш диҳанд.

Ҳасани Руҳонӣ, раисҷумҳурии исломии Эрон, Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон раисҷумҳурии Туркия рӯзи чоршанбе дар баёнияи муштараки нишасти маҷозии сарони раванди Остона ёдовар шуданд; мунозиъаи Сурия роҳи ҳали низомӣ надорад ва танҳо аз тариқи раванди сиёсии сурӣ – сурӣ бо тасҳилгарии Созмони Милалл қобили ҳалу фасл хоҳад буд.

Раисони ҷуҳурии Эрон, Туркия  ва Русия ҳамчунин азми худро барои муқобила бо дастури корҳои ҷудоиталабона бо ҳадафи тазъифи ҳокимият ва тамомияти арзии Сурия иброз карданд.

Сарони раванди Остона дар баёнияе зимни мухолифат бо тасаруф ва интиқоли ғайриқонунӣ даромадҳои нафтии мутаалиқ ба мардуми Сурия дар шимол шарқи ин кишвар , бори дигар бар азми худ бинобар тадовуми ҳамкори ба манзури нобудии ниҳоии тамоми гуруҳҳои терористӣ таъкид карданд ва хостори муҳофизат аз ғайринизомиён ва зерсохтҳои ғайринизомӣ шуданд.

Руҳонӣ, Путин, ва Эрдуғон дар идома бо таъкид бар лузуми таъмини оромиш дар Идлиб бо иҷроии комили тамоми тавофуқоти муртабит, нигаронии амиқи худро дар хусуси шароити инсонӣ дар Сурия ва таъсири ҳамагирии Кувиди -19 иброз карданд.

Раисони ҷумҳурии Эрон, Туркия ва Русия дар ин баёния бо ишора ба азми худ бинобар тадовуми амалиёти озодсозии мутақобили боздоштшудагон ва рабудашудагон дар чорчуби коргуруҳи зирабт дар раванди Остона бар лузуми тасҳили бозгашти довталабона ва эминии оворагон ба иқоматгоҳҳои аслии худ дар Сурия таъкид карданд.

Сарони раванди Остона ҳамчунин ҳамлаҳои низомии режими саҳюнистиро дар Сурия бесубот кунанда ва ноқизи ҳокимият ва тамомияти арзии ин кишвар ва ташдидкунандаи таниш дар минтақа донистанд ва бар лузуми эҳтиром ба қатъномаҳои Созмони Милалл дар радди ишғоли Ҷувлони Сурия ба вижа қатъномаи 497 Шурои Амният таъкид карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад