Аслиҳа дар баробари аслиҳа

Даҳаи шасти мелодӣ, солҳои туғёни ҷунбишҳои баробариталаб ва озодихоҳ дар саросари ҷаҳон буд. Дар ин даҳа, ҷунбиши ҳуқуқи мадании сиёҳпӯстон, ки дар даҳаҳои қаблтар ва таҳти таъсири талотумҳои сиёсии баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум оғоз шуда буд, тавониста буд бахшҳои бештаре аз ҷомеаи сиёҳпӯстон ва бахше аз ақаллияти сафедпӯсти мутараққиро бо худ ҳамроҳ кунад.

Молкум Икс ва Мартин Лутеркинг ду чеҳрҳи аслии мунозиаҳои сиёсии даҳаи шасти сиёҳони Амрико буданд. Ҳарчанд фосила байни идаҳои сиёсии Молкум Икс ва Мартин Лутеркинг, бисёр зиёд буд аммо; ҳар ду дар пайи расидан ба як ҳадаф буданд. Ба гуфтаи Молкум Икс: “ман ва Мартин Лутеркинг дақиқан дар пайи як ҳадаф ҳастем; Озодӣ.” аммо масири расидан ба ин ҳадаф барои ин ду чеҳраи аслии ҷунбиши сиёҳони Амрико бисёр мутафовит буд.

Мартин Лутеркинг, муҳимтарин чеҳрҳи ҷунбиши “ҳуқуқи маданӣ” шинохта мешавад., ки дар соли 1964 ба унвони ҷавонтарин фард, ҷоизаи Сулҳи Нобелро дарёфт кард; кишиши масеҳӣ, ки бо нигоҳе ба омӯзаҳои Гондӣ, нофармонии маданӣ бо парҳез аз хушунатро роҳи ҳалли масъалаи сиёҳони Амрико медонист.

Кинг ончунон робитаи қавӣ бо Гондӣ эҳсос мекард, ки дар соли 1959 ба Ҳинд сафар карда ва ба гуфтаи худаш ин сафар, амиқан бар дарки ӯ аз муқовимати маданӣ асар гузошт: “замоне, ки дар Ҳинд будам бештар боварам шуд, ки равиши муқовимати бехушунат, коромадтарин силоҳ дар дасти мардуми таҳти ситам, барои расидан ба адолат ва каромати инсонӣ аст.”

Дар айни ҳол ӯ ҳамвора худро ҳаводори демокрасии амрикоӣ медонист; вай бино ба гуфтаи худаш, дар пайи мубориза бо демокрасии амрикоӣ набуд; ва талош мекард дар ин демокрасӣ, ҷое низ барои сиёҳон пайдо кунад.

Ҳарчиқадар Мартин Лутеркинг, бо илҳом аз омӯзаҳои масеҳият ва мудели нофармонии мадании Гондӣ, ба адами тавассул ба хушунат дар муборизаи сиёсӣ ва талош бар такя бар ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва маданӣ исрор дошт, дар ҳамон даврон, Молкум Икс дар ҷабҳаи дигаре истода буд.

Барои ӯ, решаи мушкилоти сиёҳон дар Амрико ба бардадорӣ ва марди сафед бардадор бозмегашт. Родикол будан калиди аслии идаҳои ӯ буд: “родикол будан ба соддагӣ ба ин маъност, ки бояд ҳар чизеро решаӣ дарк кард.”

Молкум бар хилофи Лутеркинг вазъияти сиёҳони Амрикоро на нуқсони ҳуқуқи маданӣ ва шаҳрвандӣ, ки нақзи ҳуқуқи башар медонист. Ӯ ҳатто дар назар дошт аз давлати Амрико ба сабаби нақзи ҳуқуқи башар африқоитаборҳои Амрико, ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят кунад. Молкум Икс бар хилофи Мартин Лутеркинг вазъияти сиёҳони Амрикоро на нуқсони ҳуқуқи маданӣ ва шаҳрвандӣ, ки нақзи ҳуқуқи башар медонист.

Родикол будан идаҳои ӯ ва лузуми истифода аз неруи қаҳромез, мероси аслии Молкум Икс барои ҷунбишҳои раҳоибахш зидди нижодпарастӣ будааст. Ӯ ки гуфта буд: “ҷиноятбор аст, ки дар баҳси адами хушунат, ба инсоне, ки қурбонии мудовими ҳамалоти ваҳшиёна аст, ёд диҳем то аз худ дифоъ накунад.” Дар айни ҳол бо ишора ба мутаммими дувуми қонуни асосии Амрико “ҳаққи миллати Амрико барои нигаҳдорӣ ва ҳамли аслиҳа”-ро машрӯъ хонда ва хостори мусаллаҳ шудани сиёҳони амрикоӣ барои дифоъ аз худ буд.

Ҳар чанд посухҳои Мартин Лутеркинг ва Молкум Икс ба пурсиши “хушунат оре ё на?” мутафовит буд аммо; ҳар ду сарнавишти мушобеҳ пайдо карданд. Ҳарду террор шуда, ба қатл расиданд. Чун ҳар ду ҳадафи муштарак доштанд: рафъи табъизи нажодӣ бар зидди сиёҳпӯстон.

Дар ниҳоят ва пас аз солҳо муборизаи бевақфа, дар таърихи 11 апрели соли 1968, ҳафт рӯз пас аз қатли Мартин Лутеркинг, охирин илҳоқияи қонуни мадании Иёлоти Муттаҳида, ки ҳуқуқи баробари нажодиро ба расмият мешинохт бо имзои раисҷумҳур Ҷонсун иҷроӣ шуд.

Ҷудоии нажодӣ ба равиши модерн

Шояд ба назар бирасад, ки бо тасвиби қонуни лағви бардадорӣ, табъизи нажодӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба поён расид. Аммо воқеият он аст, ки дар воқеъ, низоми бардадорӣ аз қарни 17 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шурӯъ шудааст ва бо табъизҳои нажодии ошкор ва пинҳон дар таърихи Амрико, то асри ҳозир идома ёфтааст.

Пас аз тасвиби қонуни лағви бардадорӣ, миллионҳо сиёҳпӯсти амрикоӣ, ки муваффақ нашуда буданд ба сарзаминҳои ғарб сафар кунанд дар фақр ва тангдастӣ гирифтор омаданд. Бисёре аз корфармоён, маҷбур шуданд бардагони худро озод кунанд; вале, дигар ононро бо ҳуқуқи коргарӣ, истихдом накарданд. Вазъияти таҳсилӣ ва омӯзишии сиёҳон низ дар шароити асафноке қарор дошт. То замони лағви бардадорӣ, саводи хондан ва навиштан барои бардаҳо, ҷурми ғайриқобили бахшише буд. Баъд аз лағви бардадорӣ низ, сиёҳпӯстони фақир қодир набуданд, ки кӯдакони худро дар мадрасаҳо сабтином намоянд. Он даста аз кӯдакони сиёҳ, ки шонси бештаре доштанд, маҷбур буданд дар мадрасоҳои ҷудо аз сафедпӯстон таҳсил кунанд. Дар ҳоле, ки сиёҳон бо чунин мушкилоте дасту панҷа нарм мекарданд, гурӯҳе аз нажодпарастони мутаассиби сафедпӯст бо ташкили ҷухаҳои марг ба номи “куклокси калон”, сиёҳонро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор медоданд. Ин афрод, бо ҳамла ба сиёҳоне, ки қаблан бурда буданд, амволи ночизашонро ғорат карда, ба шакли дилхароше ононро ба қатл мерасонданд. Шеваи шиканҷаи сиёҳпӯстон низ ба шакли “линч кардан” буд, ки ононро қитъа қитъа карда ё зинда зинда месӯзонданд. Ин иқдомоти зидди инсонии мутаассибони сафедпӯст бо беэътиноии ҳукумати федерал, полис ва дастгоҳи қазоӣ ҳамроҳ буд.

Таорузи нажодӣ миёни сиёҳон ва сафедпӯстон дар солҳои поёнии қарн 19 ва авоили қарни 20 мутаассир аз рақобатҳои ҳизбӣ буд. Ҳизби демократи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз ибтидо, ҷануби бардадориро пойгоҳи аслии худ қарор дода буд, ҳамчунон аз ин низоми ғайри одилона ҳимоят мекард. Ин ҳизб барои дифоъ аз манофеи калони кишоварзони ҷануб, ҳатто то пойи таҷзияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ пеш рафт. Шимол, ки тавассути Оброҳом Линколн ва ҳизби тозатаъсиси ҷумҳурихоҳ раҳбарӣ мешуд, озодии бардаҳоро ба ҷануби демократ таҳмил кард. Ба ин тартиб ду ҳизби бузурги Амрико, рӯ ба рӯи якдигар истоданд. Яъне яке дар ҷойгоҳи ҳимоят аз ҳуқуқи сиёҳпӯстон қарор гирифт ва дигаре дифоъ аз шароити пеш аз ҷангро сарлавҳаи худ қарор дод.

Албатта ин тақсимбандӣ дар авоили қарни бистум ба шакли асосӣ дигаргун шуд. Демократҳо, ки аз ҳокимияти мутлақи 40 солаи ҳизби ҷумҳурихоҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба танг омада буданд, ба тадриҷ нуфузи худро дар иёлатҳои шимоли шарқӣ, минтақаӣ, ки рӯз ба рӯз муҳоҷирони тозаеро ба худ ҷалб мекард, афзоиш доданд. Муҳоҷирон, рангинпӯстон ва қишрҳои фурудасти ҷомеа ба гирди демократҳо ҷамъ шуданд ва ин ҳизб, ки рӯзгоре символи низоми бардадорӣ буд, барои касби қудрат ба ҳомии аслии сиёҳпӯстон табдил шуд. Аз он замон токунун демократҳо, ҳизби мудофеи рангинпӯстон ва ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳизби сафедпӯстон лақаб гирифтаанд.

Вуқӯъи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва ширкати густардаи сиёҳпӯстон дар дифоъ аз озодӣ дар муқобили фошисм, мавқеияти ин гурӯҳи нажодиро дар таҳаввулоти дохилии Амрико тағйир дод. Аввалин гом барои иртиқои мавқеияти иҷтимоии онон, бо идғоми воҳидҳои низомии сиёҳпӯстон дар дигар воҳидҳои артиши Амрико дар соли 1945 сурат гирифт. Сипас девони олии федерали Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 1954, ки ҷумҳурихоҳон дар Кохи Сафед ҳузур доштанд, бо судури ҳукми таърихӣ Бровн дар баробари ҳайати омӯзиш, ҷудоии нажодӣ дар мадорисро ғайриқонунт эълое кард. Ин ҳукм сиёҳонро аз як табъизи норавои таърихӣ наҷот дод.

Аммо муқовимат дар баробари идғоми нажодӣ дар иёлатҳое, ки пеш аз ин бардадорӣ мекарданд, ҳамчунон ба шакли ҷиддӣ идома дошт. Сиёҳон аз вуруд ба маконҳои махсуси сафедпӯстон аз ҷумла бошгоҳҳо, ресторанҳо ва борҳо маҳрум буданд. Ҳатто дар бархе аз шаҳрҳои ҷануб, сиёҳпӯстон ҳаққ надоштанд ба рӯи сандалии махсуси сафедпӯстон дар автобусҳои умумӣ бинишинанд. Иқдоми хонуми Рузо Поркс, дар соли 1955 дар шаҳри Мунтегемрии иёлати Олобомо, рӯҳи тозае ба муборизаҳои сиёҳпӯстон дод. Поркс, дар иқдоми шуҷоъона, аз баланд шудан аз рӯи сандалии махсуси сафедпӯстон дар як автобуси умумӣ худдорӣ кард; ва тавассути полис дастгир шуд. Ин иқдом, хашми сиёҳонро шӯълавартар кард. Кишиши ҷавоне ба номи Мартин Лутеркинг, таҳрими чанд моҳаро зидди системи ҳамлу нақли умумӣ дар иёлати Олобомо шакл дод. Ин эътироз, дар идома, ба “ҷунбиши ҳуқуқи маданӣ” табдил шуд. Дар соли 1960 бо талош ва кӯшиши Мартин Лутеркинг “қонуни ҳуқуқи маданӣ” бо ҳадафи рафъи табъизи нажодӣ ба тасвиб расид.

Иқдоми Лутеркинг, роҳҳои тозаеро пеши рӯи сиёҳон боз кард, ҳарчанд, ки нажодпарастӣ ба гунаи дигар дар ҳоли шаклгирӣ буд. Пас аз тасвиби қонуни ҳуқуқи маданӣ, тағйироти асосӣ дар қавонини нажодӣ дар даврони ҳукумати демократҳо, ҳосил омад. Ҷон Кенедӣ ва ҷонишинш, Линдон Ҷонсун, гомҳои баланде барои фоиқ омадан бар муъзали таърихии нажодӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бардоштанд. Ин таҳаввулот сабаб шуд ҷиноҳи муҳофизакор, ки ҳамчунон бар асолати нажодии фарҳанги онглу – протистони сафедпӯстон пофишорӣ мекард, ҳамқасам шавад ва ҷанги идологики зидди либералҳо тартиб диҳад.

Агарчи ҷумҳурихоҳон дар замони ҳузури худ дар Кохи сафед бархе аз иқдомоти камсобиқа назири интихоби нахустин зани узви девони олии федерал ё нахустин вазири хориҷаи сиёҳпӯстро дар корномаи худ ба сабт расондаанд, аммо ҳануз лояҳои аслии ин ҳизб, ба хусус дар иёлатҳои ҷанубӣ бар табли ҷудоии нажодӣ мекӯбанд. Дар сӯи дигар ин таорузи нажодӣ, либералҳо ба вежа ҷиноҳи чар он, қавиан аз ҳуқуқи сиёҳпӯстон ҳимоят мекунанд. Ба эътиқои бархе аз либералҳо, рафъи нобаробарии нажодӣ дар Амрико наметавонад ҳуқуқи поймолшудаи таърихии сиёҳонро таъмин кунад. Аз ин рӯ ҳомиёни ҳуқуқи рангинпӯстон, назарияи Affirmative Action ё “табъизи мусбат”-ро матраҳ кардаанд. Бар асоси ин назария, офрикан – американҳо (истилоҳе барои ном бурдани сиёҳпӯстон) бояд аз мазоидаи бештаре дар муқоиса бо сафедпӯстон дар заминаи омӯзиш ва таҳсил бархӯрдор бошанд. Дар ҳоли ҳозир бархе аз донишгоҳҳои Амрико аз ҷумла донишгоҳ Мишигон барои донишҷӯёни тозавориди сиёҳпӯст имтиёзҳои бештаре қоил ҳастанд. Дар соли 2003 чолиши амиқе миёни либералҳои тарафдори табъизи мусбат ва давлати муҳофизакори Ҷорҷ Буш дар хусуси низоми саҳмиябандии донишгоҳҳо аз ҷумла дар донишгоҳи Чикаго буруз кард. Аммо аз онҷо, ки табъизи мусбат бар асоси ҳукми таърихии Девони Олии Федерал, ба тасвиб расидааст, талоши муҳофизакорон барои лағви имтиёзҳои донишҷӯёни сиёҳпӯст ба натиҷа нарасид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад