Шумори қурбониёни коронавирус дар Арабистони Саудӣ ба 1599 нафар афзоиш ёфт

Шумори қурбониёни коронавирус, «ковиди-19» дар Арабистони Саудӣ ба 1599 нафар расид.

 

 

Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ, тайи баёнияе эълом кард, ки шумори қурбониёни ковиди-19 дар ин кишвар бо марги 48 мубталои дигар дар як рӯзи ахир ба 1599 нафар расида аст.

Барасоси омори ин вазорат‌хона, теъдоди мубталоён низ бо шиносоӣ 3 ҳазору 943 мавриди ҷадид дар 24 соати гузашта ба 186 ҳазору 436 нафар расида аст.

Ҳамчунин маҷмӯи беҳбудёфтагон дар ин кишвар низ ба 127 ҳазору 118 нафар афзоиш ёфта аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад