Сафари раисиҷумҳур ба вилояти Суғд

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард.

Раисҷумҳур бо ҳадафи ошноӣ бо вазъияти иқтисодӣ-иҷтимоии минтақа озими минтақаи Суғд шуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ Раҳмон дар ин сафар бузургтарин хонаи фарҳанги кишвар бо зарфияти 1000 нафар ва толори варзиши 10 ҳазорнафарӣ дар минтақаи Мастчоҳро ифтитоҳ кард.

Барои ифтитоҳи ин ду тарҳ ҳудуди 41 миллион сомонӣ ҳазина шудааст. Раисҷумҳур маркази ташхис ва дармони Ваҳдат дар шаҳраки Хестиварз дар минтақаи Бобоҷон Ғафуровро ҳам ифтитоҳ кард.

Ин маркази дармонӣ бо кумаки молии шаҳрвандони минтақа сохта шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад