Сабтиноми 3 ҳазор муҳоҷири тоҷик барои бозгашт аз Русия

3 ҳазор тоҷик барои бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав сабтинома карданд.

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия гуфт: Ин теъдод барои бозгашт ба Тоҷикистон аз тариқи парвозҳои вижа сабтинома карданд, ки умед аст бо барқарории дубораи парвозҳо байни Русия ва Тоҷикистон аз нимаи моҳи июл ба кишвари худ бозгарданд.

Вай таъкид кард, то 14 июл бо ҳашт парвози фавқулодаи ҳавопаймоҳои ду ширкати Тоҷик Эйр ва Сомон Эйр имкони бозгардондани тамомии шаҳрвандони тоҷик дар Русия муясар нашуд.

Ӯ афзуд: Музокирот миёни мақомоти Тоҷикистон ва Русия дар бораи азсаргирии парвозҳои миёни ду кишвар аз нимаи моҳи июли соли равон идома дорад ва тарафайн шавқманд ҳастанд барои барқарории чигунагии парвозҳо ба тавофуқ бирасанд.

Сафири Тоҷикистон дар Маскав ҳамчунин дар бораи шикояти бархе аз коргарони муҳоҷири тоҷик аз гарон будани нархи чиптаи ҳавопаймо дар масири Маскав ба Душанбе гуфт: Нархи чипта барои ҳар мусофир 23 то 24 ҳазор рубли русӣ (ҳудуди 400 доллар) аст, албата ин нарх дар муқоиса бо солҳои пеш ва даврони қабл аз густариши вируси корона гаронтар шудааст.

Имомиддин Сатторӣ гуфт: Ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҷбуранд барои ҷуброни хасорати қатъи парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия ва пардохти маоши коркунони хеш нархи чипта дар масири Маскав ба Душанберо боло баранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад