Арса бар Доналд Трамп танг шуд

Номзади аслии Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар назарсанҷиҳои марбут ба иёлатҳои муҳим аз раиси ҷумҳури феълӣ пеш афтодааст.

Натиҷаҳои назарсанҷии рӯзномаи Нию-Йорк Таймз нишон медиҳад маҳбубияти Ҷо Бойден- номзади аслии Ҳизби демократи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар иёлатҳои муҳими Амрико ҳамчун Мичиган, Висконсин, Пенсилвания, Флорида, Аризона ва Каролинаи Шимолӣ аз Доналд Трамп- раиси ҷумҳури ин кишвар бештар аст.

47 дарсади мардуми иёлати Мичиган эълом карданд дар интихобот ба Бойден овоз медиҳанд дар ҳоле, ки мизони ҳимоят аз Трамп дар ин иёлат 36 дарсад буд.

Дар иёлати Висконсин 49 дарсад ҳомии Ҷо Бойден буданд дар ҳоле, ки 38 дарсад ба Доналд Трамп гароиш доштанд.

Дар иёлати Пенсилвания низ 40 дарсади амрикоиҳо тарафдори Трамп буданд ҳол он ки мизони ҳимоят аз Ҷо Бойден 50 дарсад аст.

Тибқи натиҷаҳои ин назарсанҷӣ дар иёлати Флорида 47 дарсад эълом карданд дар интихобот ба Бойден овоз медиҳанд дар ҳоле, ки 41 дарсад аз Трамп ҳимоят карданд.

Дар иёлати Аризона низ Бойден, бо ҳимояти 48 дарсадӣ, аз Трамп бо 41 дарсад пеш аст.

Дар иёлати Каролинаи Шимолӣ ҳимоят аз Бойден 49 дарсад ва Трамп 40 дарсад аст.

Иёлатҳои калидӣ, нақши таъйинкунандае дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад