Тавофуқ барои поён додан ба эътирозот дар ноҳияи Рушон

Манобеи наздик ба раёсати вилояти Бадахшон эълом карданд, ки бо эътирозгарони ноҳияи Рушон барои поён додан ба таҷаммӯъҳои онон ба тавофуқ расидаанд.

Воситагарии Ёдгор Файзов- раиси вилояти Бадахшон барои ҳалли ихтилофи сокинони ноҳияи Рушон бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба натиҷа расида ва афроди гумонбар дар монеатарошӣ аз амалиёти ин ниҳод маҳкум ба пардохти ҷаримаи молӣ шудаанд.

Қаблан мақомоти амниятии минтақа исрор доштанд чанд сокини ноҳияи Рушон, ки ҳангоми боздошти теъдоде аз аъзои гурӯҳҳои мухолифи собиқи ҳукумат монеатарошӣ карда ва раиси идораи амнияти миллии ин минтақаро захмӣ кардаанд, бояд худро таслим кунанд.

Аммо сокинони ноҳияи Рушон таъкид мекарданд, ки Ёдгор Ғуломҳайдаров ва теъдоде аз аъзои гурӯҳҳои мухолифи собиқи ҳукумат ҷурме муртакиб нашудаанд, ки боздошт шаванд.

Акнун бо тавофуқи ҷонибҳо ашхоси гумонбар дар монеатарошӣ ҳангоми амалиёти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳар як ба пардохти 190 сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум шудаанд.

Бо ин ҳол бархе аз коршиносон решаи ихтилофот дар вилояти Бадахшонро кӯҳистонӣ будан ва камтавсеаёфтагии ин минтақа унвон мекунанд.

Вилояти Бадахшон бо ин ки як севум аз масоҳати Тоҷикистонро ташкил мекунад 250 ҳазор нафар ҷамъият дорад, ки панҷ дарсади кулли ҷамъияти ин ҷумҳурӣ аст.

Сокинони Бадахшон асосан дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд ва мизони фақр дар ин минтақа 40 дарсад мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад