Шумори қурбониёни коронавирус дар Англистон аз 41 ҳазор нафар гузашт

Шумори қурбониёни коронавирус дар Англистон бо фавти 245 нафари дигар тайи шабонарӯзи гузашта ба 41 ҳазор ва 128 тан афзоиш ёфт.

Вазорати тандурустии Англистон эълом кард, ки шумори қурбониёни вируси ҷадиди корона «ковиди-19», дар ин кишвар бо фавти 245 бемори дигар дар 24 соати гузашта ба 41 ҳазор ва 128 нафар расидааст.

Ҳамчунин бо шиносоӣ 1003 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус омори кулли мубталоён дар ин кишвар ба 290 ҳазор ва 143 нафар афзоиш ёфтааст.

Тибқи гузориши расмии давлати Англистон, тайи як рӯзи ахир 170 ҳазор ва 379 тести коронавирус дар ин кишвар анҷом гирифта ва дар маҷмӯъ беш аз 6 миллион нафар то кунун баррасӣ шудаанд.

Англистон дар садри феҳристи кишварҳои Аврупоӣ дорои бештарин омори қурбониёни коронавирус қарор дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад