Ба коргирии 32 ҳазор кадри дармонӣ барои мубориза бо корона

32 ҳазору 500 пизишк ва корманди пизишк дар чорчуби мубориза бо бемории корона-КОВИД-19 ба кор гирифта шудаанд.

Ба нақл аз иттилоияи Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ин теъдод кадри дармонӣ ва хадамоти пизишкӣ дар 85 бемористони ин кишвар хидмат мекунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин эълом кардааст, ки бо талошҳои пайвастаи мақомоти беҳдоштии пизишкон ва ҳамшираи шафқат то кунун 60 дарсад аз беморони мубтало ба КОВИД-19 дар ин кишвар беҳбуд ёфтаанд.

Дар ин миён мутаассифона 48 нафар аз шаҳрвандон кишвар ба далели мубтало шудан ба КОВИД-19 ҷон бохтаанд, аммо манобеи ғайрирасмӣ шумори гирифторон ва фавтидагонро ба маротиб бештар эълом мекунанд.

Барномаи вижаи безараргардонии бозорҳо ва марокизи хадамотии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон роҳандозӣ шуда ва қарор аст аз рӯзи 15 июн ин марокиз бозгушоӣ шаванд.

Барномаи мушобеҳе дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд дар ҳоли иҷро аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад