Идомаи раванди бозгардонидан тоҷикистониҳо аз хориҷ

Мақомоти кишвар ба раванди бозгардонидани шаҳрвандони бандмонда бар асари коронавирус аз кишварҳои хориҷӣ идома медиҳанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз сомонаи ТоҷикТа, рӯзи сешанбе 26 май 159 нафар аз шаҳрвандони кишварро ки ба иллати қатъи парвозҳо бар асари шуйюи коронавирус дар Русия монда буданд, ба кишвар бозгардониданд.

Ин афрод бо парвози вижаи ҳавопаймоии Урал аз Екатеринбург дар шимоли Русия ба Душанбе расиданд.

Дар ҳамин робита Вазорати умури хориҷа эълон карда, ки аҷсоди ду шаҳрванди кишвар низ бо ҳамон парвоз ба кишвар оварда шудаанд.

Субҳи дирӯз ҳамчунин 237 шаҳрванди Тоҷикистон ва аҷсоди 13 шаҳрванди дигар ба далелҳои мухталифе, ки ҷони худро дар Русия аз даст доданд, аз Маскав ба Душанбе фиристода шуданд.

Ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз Маскав вориди Душанбе шуда буданд дар истироҳатгоҳи Садбарг дар дарраи Ромит карантин шуданд.

Пеш аз ин сафорати Тоҷикистон дар Маскав эълон карда буд, ки дар аввалин марҳалаи бозгардонидани шаҳрвандони ин кишвар аз Русия, тамаркузи аслӣ бар бозгашти шаҳрвандоне аст, ки аз се моҳи гузашта дар боздоштгоҳҳои муваққат барои ихроҷ аз Русия қарор доштаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад