Ибрози ҳамдардии миллати Эрон бо миллати Тоҷикистон

Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон аз даргузашти донишманд ва овозхони саршиноси тоҷик Ҷӯрабек Назрӣ сахт андӯҳгин шудааст

Бино бар иттилои дафтари матбуоти сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Алӣ Ашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон ба унвони раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ паёми ҳамдардӣ равон кардааст.

Дар ин паём Алӣ Ашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ қайд кардааст, ки худро дар мотами он андешманду ҳунарманди аз даст рафта шарик медонем

Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистонгуфт: “Бадин васила ба камоли таассуфу андӯҳ даргузашти устоди арҷманду донишманд Ҷӯрабек Назриро ба Шумо, аъзои муҳтарами Академия, фарҳехтагон, ҳунармандон ва миллати шарифу ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистон тасаллият гуфта ва худро дар мотами он андешманду ҳунарманди аз даст рафта шарик медонем. Худованди бузург саломатӣ ва дилоромии хонадони он марҳуму миллати тоҷикро орзу менамоем”.

Ёдрас мешавем, чанде пеш сафири Эрон дар Тоҷикистон ба даргузашти чанд нафар аз шахсиятҳои саршиноси ҷумҳурӣ изҳори ҳамдардӣ кард.

Сафири Эрон таъкид доштааст, ки даргузашти Муҳаммадалии Аҷамӣ, Баҳриддин Камолиддинов, Саидшоҳ Акрамов, Хайрӣ Назарова, Савринисо Сабзалиева, Мунира Ҳакимова, Абӯбакри Зубайдӣ, Хуршед Алидод, Абдуфаттоҳ Ҳотамов ва ғайра барои фарҳанг ва ҷомеаи Тоҷикистон ва алоқамандони мероси гаронбаҳои порсӣ, дарднок мебошад.

Собирӣ иброз намудааст, ки “Ҳанўз дар ғами аз даст додани ин азизон будем, ки хабардор шудам устоди арҷманд ва ҳунарманди саршиноси мардумӣ ва раиси собиқи Шўъбаи осори хаттии пажўҳишгоҳи шарқшиносӣ Ҷӯрабек Назрӣ низ даъвати ҳақро лаббайк гуфтанд”.

Вай ҳамчунин афзуд, ки ин ҳунарманд ва донишманди саршиноси тоҷик тамоми умрашро барои рушду тавсиаи ҳунар ва забону адаби муштараки порсӣ сипарӣ кард.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад