Cабти беш аз 2440 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус дар Арабистони Саудӣ

Манобеи хабарӣ аз афзоиши омори мубталоёни ба коронавирус дар Арабистони Саудӣ хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории шабакаи “Ал-Ҷазира”, вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ эълом кард, тайи 24 соати гузашта, 2442 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус дар ин кишвар сабт шудааст.

Бо сабти мавориди ҷадид, омори мубталоёни ба коронавирус то имрӯз ба 70 ҳазор ва 161 нафар афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин бо ҷон бохтани 15 нафари дигар бар асари коронавирус, омори фавтиҳо ба 379 нафар расидааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад