Англис мусофирони хориҷиро 14 рӯз қарантинаи иҷборӣ мекунад

Англис мусофиронеро, ки аз хориҷ вориди ин кишвар мешаванд, ба муддати 14 рӯз дар қарантина қарор медиҳад.

 

Ба гузориши хабаргузории “Euronews“, Англис рӯзи ҷумъа эълом кард, ки мусофирони хориҷие, ки вориди ин кишвар мешаванд бояд 14 рӯз дар қарантина қарор гиранд.

Прити Пател, вазири кишвари Англис гуфтааст, ки ин иқдом ба манзури мумониъат аз шуюи бештари коронавирус дар Биритониё анҷом мешавад.

Англис аз 8 июн ба шаҳрвандони кишварҳои дигар иҷоза медиҳад то вориди Биритониё шаванд бо ин шарт, ки 14 рӯз дар қарантина бошанд. Мусофирон ҳамчунин бояд ҷузъиёти тамосҳояшон бо афрод ва иттилооти сафарашонро дар ихтиёри мақомот қарор диҳанд.

Мавориди истисно шомили коркунони ҳамл ва нақл ҷодаӣ ва пизишкӣ аст, ки барои ҳимоят аз бахши тандурустӣ ва дармони Биритониё дар мубориза бо бемории ковиди-19 вориди ин кишвар мешаванд.

Ҳамчунин мусофироне, ки аз Ирландия, ҷазоири “Манч” ва ҷазираи “Ман”, дар дарёи Ирландия ба Биритониё меоянд низ аз ин қарантинаи иҷборӣ истисно ҳастанд.

Фаронса баръакси ончи қаблан гуфта мешуд, дар листи мавориди истисно аз ин қарантина қарор нагирифтааст ва вазири кишвари Фаронса дар вокуниши сареъ гуфт, ки Париж аз ин мавзӯъ «мутаассиф» аст.

Вазорати кишвари Фаронса эълом кард, ки ин кишвар омодааст то ба маҳзи инки ин тасмими Биритониё иҷроӣ шавад, даст ба иқдомоти мутақобил бизанд.

Вазорати кишвари Биритониё мегӯяд мусофироне, ки вориди ин кишвар мешаванд бояд ба муддати 14 рӯз худашонро қарантина кунанд ва дар ин муддат барои итминон аз инки ин афрод ин қонунро риоят кардаанд ба таври муназзам бо онҳо тамос гирифта мешавад.

Биритониё ҳушдор додааст, ки мутахаллифон аз ин қонун бо ҷаримаи нақдии 1118 Евро рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ин тасмим мавриди интиқоди ширкатҳои фаъол дар санъати ҳавоӣ Биритониё қарор гирифтааст, санъате, ки аз оғози қарантина то кунун мутаҳаммили зарари сангине шудааст. Мудири хутути ҳавоӣ арзон қимати “Райан Эйр”, тасмими ахири давлати Биритониёро «аҳмақона» ва «ғайри амалӣ» хонд. Анҷумани санъати ҳавоӣ Биритониё низ гуфтааст, ки чунин тасмиме боис хоҳад шуд, ки теъдоди мусофирони байналмилалие, ки ба ин кишвар меоянд ба шиддат коҳиш ёбд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад