Вазири тандурустӣ барканор шуд

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта Насим Олимзодаро "бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” аз мақоми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ озод кард.

Ба кадом “кори дигар” гузаштани Насим Олимзодаи 56-сола маълум нест, вале бо фармони президент ба ҷои ӯ ба мақоми вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода таъйин шудааст.

Ҷамолиддин Абдуллозода соли 1966 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1989 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 2017 то таъин шуданаш ба мақоми вазирӣ Абдуллозода мудири беморхонаи “Истиқлол” ва ҳамзамон профессори кафедраи ҷарроҳии Донишгоҳи тиббӣ буд.

Насим Олимзода, ки 56 сол дорад, барои муқобилаи кунди беасари вазораташ ба таҳдиди коронавирус ва пинҳон доштани маълумот дар бораи гирифторони ин беморӣ таҳти танқиди шадид қарор дошт ва бисёриҳо аз пеш ҳадс мезаданд, ки аз вай дар ниҳоят “барраи қурбонӣ” сохта, тамоми масъулияти иштибоҳҳои ҳукумат дар мавриди пешгирӣ аз коронавирусро ба гарданаш хоҳанд зад.

Барканории Насим Олимзода дар ҳоле сурат гирифт, ки як ҳайъати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Ин созмон барои тафтиши дурустии иддаои мақомоти Тоҷикистону Туркманистон мехост ҳайъаташро ба ин ду кишвар фиристад. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 30 апрел, як рӯз пеш аз омадани ҳайъати СҶТ бори аввал вуҷуди коронавирусро дар кишвар эътироф карданд.

Ба ҳисоби вазорати тандрурустӣ, то 4 май дар Тоҷикистон 230 ҳолати сирояти коронавирус ва 3 ҳолати марг аз ин беморӣ сабт шудааст. Аммо мунтақидон мегӯянд, дар ҳоле ки аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон дар бораи ҳалокати даҳҳо нафар хабарҳо ба даст мерасанд, мақомот то кунун доманаву вусъат ва омори воқеӣ дар бораи гирифторон ва қурбониёни коронавирусро аз мардум пинҳон мекунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад