Ибтилои беш аз 7 ҳазор нафар ба коронавирус дар артиши Амрико

Вазорати дифои Амрико аз ибтилои беш аз 7 ҳазор нафар аз коркунони худ ба коронавирус хабар додааст.

 

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Тасним”, вазорати дифои Амрико рӯзи ҷумъа эълом кардааст, ки дар маҷмӯъ беш аз 7145 нафар аз коркунони Петагон ба коронавирус мубтало шудаанд, ки 4704 нафар аз онҳо нерӯҳои низомӣ ҳастанд.

Вазорати дифои Амрико афзуд: ҳеҷ мавриди ҷадиде аз фавти ноши аз ибтило ба коронавирус вуҷуд надоштааст.

Вазорати дифои Амрико эълом кардааст, ки аз ин пас оморҳои дақиқи марбут ба мубталоён ба коронавирус дар киштии ҳавопаймобари “Теодор Рузвелт” ва новшикани “USS Kid”-ро мунташир нахоҳад кард ва танҳо гузоришҳои марбут ба тағйироти муҳим дар оморҳои мубталоёнро фош мекунад.

Ин дар шароите аст, ки Петагон аз анҷоми озмоиши коронавирус аз ҳамаи коркунон ва малавонони ин ду киштии ҷангӣ хабар додааст.

Оморҳои расмӣ нишон медиҳад 1102 нафар аз коркунони киштии Теодор Рузвелт, ба коронавирус мубтало шуда ва 53 нафар беҳбуд ёфтаанд. Дар новшикани USS Kid ҳам 78 мавриди ибтило ба коронавирус гузориш шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад