Охарин омори ибтило ба коронавирус дар Туркия

Вазири тандурустии Туркия аз ибтилои 2357 нафар ба коронавирус хабар дод.

 

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Тасним”, Фахруддин Кужо, вазири тандурустии Туркия дар хусуси охарин вазъияти шуюи коронавирус дар ин кишвар дар сафҳаи твитерии худ навишт: тайи 24 соати гузашта 30177 тести коронавирус гирифта шуд, ки аз байни онҳо 2357 тест мусбат эълом шудааст. Ҳамчунин 99 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Вай афзуд: дар маҷмӯъ токунун аз 898742 нафар тести гирифта шуда, ки 110130 нафар аз онҳо мубтало ба коронавирус ташхис дода шудаанд ва 2805 нафар низ ҷони худро аз даст доданд.

Фахруддин Кужо навишт: имрӯз камтарин мизони мубталоёнро тайи 20 рӯзи гузашта доштем. Ҳамчунин теъдоди беморонамон низ дар ҳоли коҳиш аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад